Мавлоно Азҳари Табрезӣ (форсӣ: مولانا اظهر تبریزی‎; Табрез1475) — хушнавис ва настаълиқнависи форс-тоҷик, шогирди Ҷаъфари Табрезӣ.

Азҳари Табрезӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1475
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Солҳои эҷод: 14211472
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатшиносони гузашта Азҳари Табрезиро сеюмин устоди хати настаълиқ (баъд аз Миралӣ ва Ҷаъфари Табрезӣ) донистаанд. Азҳари Табрези инчунин хати сулсро ба дараҷаи олӣ расонда, устоди усули шашгона (ситта) гардидааст. Машҳуртарин намунаҳои осори хаттотии Азҳари Табрези инҳоянд: шаш дафтари «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ (Китобхонаи давлатии Теҳрон), «Муқаттаот»-и Ибни Ямин (Музейи осори исломӣ, Истанбул), «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоб, Лоҳур), «Хусрав ва Ширин» (Китобхонаи Ҷон Райландз, шаҳри Манчестери Англия) ва «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ (Музейи санъати Нию-Ёрк).

Адабиёт

вироиш