Аирйанэм Ваэҷаҳ

(Тағйири масир аз Айиряна Ваеҷаҳ - Орёвиҷ)

Аирйанэм Ваэҷаҳ, Орёвиҷ (Эронии қадим: *aryānām waiǰah, Авестоӣ: airyanəm vaēǰō, Порсии миёна: ērānwēz, Порсии нав: irānwēj, Паҳлавӣ: aryānwēžan, аз забони Авестоӣ — «фазо, ё доманаҳои Ориё») — маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо.[1].

Дар «Видевдод» (қисмати Авесто) 16 кишвар номбар гардидааст, аз ҷумла «Airyanəm vaējah» — «Айиряна Ваеҷаҳ-Орёвиҷ» (кишвар)и ориёиҳо. «Авесто ҳамчунин хотиротро аз кишвари нимафсонавии Айирянам Ваеҷаҳ („Фарохнои Ориёно“), маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои эронӣ (ё умуман ориёӣ дар худ маҳфуз доштааст» — менависад дар китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров. Ба ин минақа «на Хоразмро, ки дар Авесто бо номи худ зикр шудааст, балки сарзамини паҳновари Осиёи Миёна ва вилоятҳои шимолии онро дар назар доштан дурусттар ва ба ҳақат наздиктар мебуд», — қайд мекунад ӯ.[2]

Сарчашма

вироиш
  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010
  2. Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китоби якӯм. — Душанбе, 2008. — с. 44

Нигаред

вироиш