Ориёно
Ориёно (форсӣ: آریانا) — (аз номи қабилаи айиря) — кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрӯзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.[1]
Таърих
вироишДар сарчашмаҳои қадим якчанд кишварҳои ориёӣ номбар шудаанд: дар «Михр-яшт» навишта шудааст, ки Аирьошаяну («Маскани ориёиҳо») шаш кишварро дарбар мегирад: Ишкат ва Поурут (дар кӯҳсори Ҳиндукш), Моуру ва Харойа (Марв ва Ҳирот), Гава-Суғд ва Хваиризем (Суғд и Хоразм). Дар «Видевдод» (қисмати Авесто) 16 кишвар номбар гардидааст, аз ҷумла «Airyanəm vaējah» — «Айиряна Ваеҷаҳ - Орёвиҷ» (аз забони авестои — «фазо, ё доманаҳои Ориё») — маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо номбар шудааст.[1]. Инчунин, дар Авесто панҷ халқи ориёӣ номбар шудааст: ориёӣ (airya-) — офарандагони Авесто ва халқҳои дигар (ғайри эътқоди Дини зардуштӣ) — туйиря (tūirya-), сайрима (sairima-), саини (sāini-) ва дахҳо (dåŋha-)номбар шудааст? ки ба халқҳои эронизабон (яъне, ориёиҳо) нисбат дода шудаанд. Маҳз аз ҳамин тазоди авестои минбаъд тазоди Эрон (кишвари ориёиҳо) ва Турон — Давлати Афросиёб ба миён омадааст.[2]
Аз рӯи дастхатҳои китоби Авесто[3] ва Ведҳо[4],, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра ба кишвари Ориёно — Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд..
Ориёно биноан тадқиқоти навин ҳамон сарзаминҳои Фарорӯд / Варазрӯд то марзҳои Русия дар шимол ва Чин дар ховар будааст[5].
Инҷоро ҳам нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010
- ↑ https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D1%80%D0%B8%D0%B8
- ↑ https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D0%B2%D0%B5%D1%81%D1%82%D0%BE
- ↑ https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D0%B5%D0%B4%D1%8B
- ↑ Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. — Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368; Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». — Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371
Пайвандҳо
вироиш- Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ Бойгонӣ шудааст 5 май 2016 сол.