Академизм
Академи́зм (фр. académisme) — равияи соф назариявии санъати тасвирӣ, илм ва фарҳанг. Академизм дар академияҳои рассомии асрҳои 16 — 19 маъмул буд. Назарияи академизм ба догма асос ёфта, рассом аз доираи он берун намерафт; нусхабардории намунаҳои санъати тасвирии атиқа ва давраи Эҳё расм шуда, афзалият пайдо намуд. Академизм минбаъд барои инкишоф, тавсеа ва пешрафти санъати тасвирӣ монеъ гардид.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Академизм // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.