Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акадéмияи меъморӣ ва сохтмóни Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — маркази асосии илмиву эҷодӣ ва ҳамоҳангсозии Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ ва бинокорӣ

Таъсис

вироиш

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМС ҶТ) 21 феврали 1995 барои мусоидат намудан ба фаъолияти иттиҳоди олимон ва мутахассисони фаъоли ҶТ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, бинокорӣ ва истеҳсолот, кормандони эҷодии санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ ва бо мақсади инкишофи меъморию шаҳрсозӣ дар ҶТ, дар як марказ ҷамъ овардани иқтидорҳои зеҳнӣ ва дар хоҷагии халқ амалан истифода бурдани онҳо таъсис дода шудааст. Дар ҳайати АМС ҶТ 4 узви пайваста, 18 узви вобаста, 12 узви фахрӣ, 10 узви хориҷӣ ва тақрибан 60 мушовири академикӣ шомиланд. Аъзои пайваста ва аъзои вобаста ба воситаи овоздиҳии пинҳонӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд. Аъзои фахрӣ ва хориҷӣ, инчунин мушовирҳои академикӣ бо овоздиҳии кушода дар асоси тавсияҳои шӯъбаҳо ва раёсати АМС ҶТ интихоб мегарданд. Дар байни 104 аъзои АМС ҶТ 6 нафар узви Академияи байналмилалии илмҳои педагогӣ, муҳандисӣ, меъморӣ, 10 нафар узви академияҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ, 9 нафар докторони илм, 13 нафар профессорон, 4 нафар дорандаи Мукофоти давлатӣ ва ленинӣ, 2 меъмори шоиста, 5 бинокори шоиста, 1 корманди шоиста, 1 Ходими шоистаи санъат, 2 Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 Рассоми шоистаи Тоҷикистон мебошанд. Дар байни онҳо олимони машҳур Нӯъмон Неъматов, Х. Р. Содиқов, С. Д. Исоева, Рустам Собитович Муқимов, С. М. Мамадҷонова, С. Н. Шарипов, Б. Ҷ. Ҷабборов ва дигарон ҳастанд. АМС ҶТ 35 ташкилот, идора, комитет ва вазоратҳоро муттаҳид мекунад (зиёда аз 2, 5 ҳазор нафар).

Сохтор

вироиш

Мақоми олии АМС ҶТ Маҷлиси умумӣ, мақомоти идоракунандааш Раёсат ва Бюрои он мебошанд. Февр. 1995 раиси АМС ҶТ Б. А. Зуҳуриддинов, ноибҳои раис Рустам Собитович Муқимов ва Н. Х. Яъқубов интихоб шуданд. АМС ҶТ бо Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилоти асосии лоиҳакашии давлатӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои меъморӣ ва бинокории Федератсияи Россия ва дигар ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷаи наздик ва дур робита ва ҳамкории зич дорад. АМС ҶТ дар таҳияи ло­иҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон» (онро майи 1997 Маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ кард), амалигардонии Барномаи комитети иҷроияи байналмилалӣ оид ба нуқтаҳои аҳолинишини назди Департаменти меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон фаъолона иштирок кардааст. 3 монография, васоити таълимӣ, маълумотномаҳо ба табъ расонд. Аъзои АМС ҶТ дар ШМА, Туркия, Ҳиндустон, Екатеринбург ва ғайра ихтисоси худро такмил додаанд.

Бознигаред

вироиш

Узви Академия

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.