Акарология (аз юн.-қад. ἄκαρι (akari) «кана» ва λόγος «илм»)) — як фасли зоология, ки канаҳоро меомӯзад.

Акарология бахше аз арахнология (илм дар бораи тортанақшаклон) аст. Акарология доир ба анатомияи муқоисавӣ, эмбриология, физиология, экология, зоогеография, филогения ва таснифи канаҳо, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тиб, ветеринария ва кишоварзии онҳо баҳс мекунад. Дар Тоҷикистон масъалаҳои ба акарология вобастаро Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский, институтҳои тадқиқоти илмии чорводорӣ ва ветеринария, Институти пешгирии бемориҳо ва факултети ветеринарияи ДАТ ҳаллу фасл менамоянд.

Адабиёт

вироиш