Акбар Акобирхоҷаи Бухороӣ

Акбар Акобирхоҷаи Бухороӣ (асри 19) — шоири тоҷик.

Акбар
Номи пурра Акбар Акобирхоҷаи Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Акбар Акобирхоҷа дар зодгоҳаш Бухоро таҳсил карда, ба камол расидааст. Пас аз хатми мадраса ба тадрис шуғл меварзад. Ба гуфтаи тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб…») «табъаш дар назми ашъор иқтидори тамом дорад». Аз осораш намунаҳои ғазалиёт, рубоиҳо, қитъаҳо ба тавассути тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд. С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» як ғазал ва як рубоии бенуқтаро аз Акбар Акобирхоҷа ҷой додааст.

Намунаҳо аз ашъори Акбар Акобирхоҷаи Бухороӣ:

Боз омад ба чаман сарви хиромони дигар,
Ки шукуфт аз қадамаш тоза гулистони дигар…
Хуб андеша кун, Акбар, намаки лаъли лабаш,
Марав аз роҳи вафо дар талаби хони дигар.
Магарам дил ҳаваси лолаи ҳумро дорад,
Ки сарам васвасаи олами воло дорад.
Домгоҳи ҳавасам, дуди дилам, оҳи саҳар,
Масдари дарди сарам васли мудово дорад.

Сарчашма

вироиш