Акбар Нурматов
Акбар Абдусатторович Нурматов (17.12.1942, ш.Хуҷанд) — патфизиолог, доктори илмҳои тиб (1987), профессор (1991)[1].
Акбар Абдусатторович Нурматов | |
Таърихи таваллуд | 17 декабр 1942 (81 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Зиндагинома
вироишДастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1966). Ординатори клиникии шуъбаи ёрии таъҷилӣ дар ш.Душанбе (1966-68), аспиранти Пажуҳишгоҳи физиологияи нормали ва патологии АИ ИҶШС (1968-71), ассистенти кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ (1971-1985), ходими калони илмӣи Пажуҳишгоҳи тибби таҷрибавии АИ ИҶШС дар ш.Ленинград (1985-1987), дотсент (1987-1989), мудири кафедраи физиологияи нормалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989-1993), ҳамзамон декани курсҳои поёни факултаи муолиҷавии донишкада. Соли 1993 ба Хуҷанд куч бастааст. Яке аз ташкилкунандагони факултаи тибб дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Мудири кафедраи патфизиологияи факултаи тиббии ДДХ (1993-1997), мудири ҳамин кафедра дар бахши Хуҷандии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1997-2005), ноиби директор оид ба таълими шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи тайёрии баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон (аз с.2005). Нурматов мутахассиси намоёни соҳаи физиологияи патологӣ буда, муаллифи 47 мақолаи илмӣ ва як ихтироъ (1987) мебошад. Таҳти рохбарии Нурматов ду нафар рисолаи номзади дифоъ карданд. Иштироккунандаи як қатор ҳамоиш ва конфронсҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бишкек (1986), Маскав (1987), Ленинград (1986). Бо медали ҷашнии «1000-солагии Ибни Сино» қадрдонӣ шудааст.[2]