Акбар Ҳакимов
Акбар Ҳакимов (Ҳакимов Акбар Дӯстмуродович; 26 майи 1963, деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — соҳибкори тоҷик. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2010).
Ҳакимов Акбар Дӯстмуродович | |
Таърихи таваллуд | 26 май 1963 |
Зодгоҳ | деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Падар | Дӯстмурод Ҳакимов |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишАкбар Ҳакимов 26 майи соли 1963 дар деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод дар хонадони асппарвари маъруф Дӯстмурод Ҳакимов ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 22-и ноҳияи Файзобод, факултети ҳуқуқшиносӣ ва факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Хонавода
вироишАкбар Ҳакимов оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст[1].
Фаъолияти корӣ
вироишСолҳои 1980—1982 дар маъмурияти кинотеатри Файзобод кор кардааст. Солҳои 1982—1989 коргари муассисаи нақлиётии «Тоҷиктрансэкспедитсия», 1989—1991 таъминотчӣ, 1991—1993 ҷонишини директор ва 1993—1995 директори кооперативи «Арча», 1995—1996 мудири шуъбаи ҳуқуқ, сардори Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 1996—1997 муовини вазири Вазорати ғаллаи ҶШС Тоҷикистон, 1997—1998 ҷонишини раиси Ширкати давлатии холдингии «Ғалла», 1998—2001 директори генералии Комбинати истеҳсолии ордбарории ноҳияи Нов, 2001—2003 директори генералии Комбинати агросаноатии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас сарвари кулли ҶСК комбинати агросаноатии «Гулистон»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамин корхона буд[2].
Аз соли 2010 ба ҳайси раиси Шӯрои директорони ҶСК холдингии «Ганҷ» фаъолият дорад.
Вакилӣ
вироишСоли 2000 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, соли 2005 аз ҳавзаи интихоботии № 11-и ноҳияи Файзобод[3] вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст ва ба ҳайси муовини раиси Кумита оид ба буҷет, молия ва саноат кор кардааст[4].
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени Шараф дараҷаи II қадр шудааст[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сайдари Ҳайдар. Акбар Ҳакимов: Қавли ба Президент додаамонро иҷро мекунем!. МТЖТ. faraj.tj. 26 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ 2.0 2.1 ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 с. — ISBN 978-99947-33-48-4.
- ↑ ХАКИМОВ Акбар Дустмуродович | ЦентрАзия. centrasia.org. 17 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 17 марта 2005г. №29 "Об избрании членов Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по экономике, бюджету, финансам и налогам". www.adlia.tj. 3 май 2024 санҷида шуд.