Дӯстмурод Ҳакимов
Дӯстмурод Ҳакимов (маъруф ба Дости Бурут; 1934, деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 25 июни 2018, Душанбе, Тоҷикистон) — кишоварз, соҳибкор ва яке аз асппарварони маъруфи Тоҷикистон[1].
Дости Бурут | |
Таърихи таваллуд | 1934 |
Зодгоҳ | деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 25 июн 2018 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | кишоварз, асппарвар, соҳибкор |
Ҳамсар | Гулсун Ҳакимова |
Зиндагинома
вироишДӯстмурод Ҳакимов соли 1934 дар деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.
Хонавода
вироишДу фарзанди ӯ — Акбар Ҳакимов ва Меҳроҷиддин Ҳакимов аз ҳавзаи Файзобод ду навбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Бисёриҳо аз ӯву хонаводааш дар инҷо ба некӣ ёдоварӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Дости Бурут бахусус дар даврони гуруснагии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба садҳо хонаводаи муҳтоҷ дар ин қаламрав дасти ёрии худро дареғ надоштааст[2].
Фаъолияти кишоварзӣ
вироишДӯстмурод Ҳакимов дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун як асппарвари маъруф шинохта шудааст. Барқарор намудани зоти аспи тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Дӯстмурод Ҳакимов дар хоҷагии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, дар баробари ривоҷи чорвои калону майда ва занбӯри асал рӯи кор омад[3][1]. Аспҳои зоти тоҷикии «Дошмандӣ» дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар сархати ҷойҳои ифтихорӣ меистанд[4].
Даргузашт
вироишДӯстмурод Ҳакимов 25 июни соли 2018 дар бемористони «Ибни Сино»-и шаҳри Душанбе бар асари беморӣ дар 84-солагӣ даргузашт[2][5].
Ифтихороту ҷоизаҳо
вироиш- 1981 — Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти ҶШС Тоҷикистон;
- 2004 — «Соҳибкори беҳтарини соли 2003»;
- 2007 — Ифтихорномаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2009 — «Корманди беҳтарини соҳаи кишоварзӣ» — «Чорводори беҳтарин» барои фаъолияти пурсамар ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Пирӯзии се аспи Дости Бурут ва $250 000 барои “Эхолог” » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.tj. 25 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июни 2018.
- ↑ 2.0 2.1 Мирзо Салимпур. ДАРГУЗАШТИ ДОСТИ БУРУТ. akhbor.com. Ахбор (25 июни 2018). 25 июни 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Т. Соҳибназаров. Ҷаҳони хурамӣ(тоҷ.). nabzifayzobod.tj. НАБЗИ ФАЙЗОБОД (20 сентябри 2016). 25 июни 2018 санҷида шуд.
- ↑ Дар пойгаи аспдавонӣ «Радана» ҷоизаи асосӣ-шутурро соҳиб шуда, онро ба Файзобод бурд. АМИТ "Ховар" (1 апрели 2019). 3 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Дости Бурут аз олам чашм пӯшид. Pressa.tj. 4 май 2024 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Марди роҳ — Филм дар бораи зиндагиномаи Дӯстмурод Ҳакимов