Николай Акимов
Акимов Николай Павлович (16 апрели 1901, Петроград — 6 сентиябри 1968, Ленинград) — коргардон, рассом, Артисти халқии Тоҷикистон (1944), Артисти халқии СССР (1960), професор (1960).
русӣ: Акимов Николай Павлович | |
Таърихи таваллуд | 16 апрел 1901 |
Зодгоҳ | Петроград |
Таърихи даргузашт | 6 октябр 1968 |
Маҳалли даргузашт | Ленинград |
Кишвар | |
Пеша | коргардони театр, рассом, коргардони филм, scenographer, омӯзгори театр, публисист, коргардон |
Ҳамсар | Nadezhda Kosheverova[d] ва Yelena Yunger[d] |
Ҷоизаҳо |
Солҳои фаъолият
вироишДар устохонаи нави бадеии Петроград хонда, солҳои 1918 — 20 дар устохонаи плакатбарории Пролеткулт кор кардааст. Солҳои 1920 — 32 рассоми театрҳои Ленинград, Харков ва Москва, 1932—1935 коргардони Театри ба номи Вахтангов, 1935—1947 (бо танаффус) роҳбари бадеии Театри мазҳакаи шаҳри Ленинград (ҳозор Санкт-Петербург) буд. Дар давраи ҶБВ (1941—1945) бо ҳайати театр дар пойтахти Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Солҳои 1947—1955 саркоргардони Театри ба номи Ленсовети Ленинград, аз 1955 то поёни умр роҳбари бадеии Театри мазҳакаи шаҳри Ленинград буд. Бештар асарҳои классикон У. Шекспир, Лопе де Вега, Ҷ. Байрон, А. Чехов, М. Салтиков-Шедринро ба саҳна гузошта, дар ороиши намоишномаҳо чун рассом иштирок намудааст ва симои бисёр арбоби барҷастаи санъатро офаридааст.
Осор
вироиш- О театре, М., 1962; Театральное наследие, т. 1, 2, Л., 1978.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Этнинд М., Н. Акимов, М., 1980
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.