Акка́д, Аккаде, Агаде — шаҳри қадим дар Байнаннаҳрайни Поён. Дар асрҳои 22 — 24 то милод маркази давлати ҳамном буд, ки тамоми Элом ва Байнаннаҳрайнро дар бар мегирифт.

Маҳалли аҳолинишин
Аккад
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис тақрибан 2334 то м.
Забони расмӣ Akkadian[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аккаде, Агаде, яке аз шаҳри қадим дар Байнаннаҳрайни Поён мебошад. Дар асрҳои 22 — 24 то милод маркази давлати ҳамном буд, ки тамоми Элом ва Байнаннаҳрайнро дар бар мегирифт. Бунёдгузори шаҳр ва муассиси давлат — Саргони Қадим (ба забони аккадӣ Шарумкен) — саромади сулолаи Саргонҳо (ҳукмронӣ 2316 — 61) буд. Саргонҳо дар сиёсати берунии давлатдорӣ фаъол буданд: ба Осиёи Хурд, Элом, Эбла, Сурия юришҳо анҷом додаанд. Шумерро ҳам фатҳ карда буданд ва ба ин нисбат шоҳони Бобул худро ҳокими Шумер ва Аккад медонистанд. Дар ҳамин давра дар Аккад кишоварзӣ, савдо, хоҷагии давлатӣ ва артиш хеле тараққӣ кард. Дар миёнаи асри 22 то м. ба Аккад кӯҳистониён (кутиҳо) ҳамла карда онро фатҳ намуданд. Забони аккадӣ аз гурӯҳи забонҳои семитист.

Сарчашма

вироиш