Аккорд (аз италявӣ accordo, фаронсавӣ accord – ҳамоҳангӣ) — дар баландиҳои гуногун баробар садо додани якчанд овоз (на камтар аз 3 садо), ки сомеа онро чун овози воҳид қабул мекунад. Одатан, чунин ҳамовозиро аккорд меноманд, ки овозҳои он дар терсия ҷойгир шудаанд. Садоҳои аккорд аслан мувофиқи терсияҳо аз сарпарда ба боло ҷойгир шуда, ҳар кадом ном доранд. Шаклҳои асосии аккорд сеовоза (3 овоз), септаккорд (4 овоз), нонаккорд (5 овоз) ва ундетсимаккорд (6 овоз) мебошанд. Овози пасти аккордро лаҳни асосӣ ё нахуст (прима) мегӯянд. Овозҳои дигарро (аз рӯйи терсия ба боло) лаҳни терсиявӣ (терсия), лаҳни квинтӣ (квинта), лаҳни септимӣ (септима), лаҳни ундетсимӣ (ундетсимо) меноманд. Аккорд унсури асосии гармония аст.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш