Аккредитатсия

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Аккредитатсия (лот. accredo, «бовар кардан») - дар ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мафҳумест, ки тартиби муайян намудани мақоми субъектҳои ҳуқуқро оид ба пеш бурдани фаъолият тибқи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъйин мекунад. Масалан, Аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин тартиби муайян намудани мақоми он дар пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 14 декабри 1990 (бо тағйироту иловаҳо) пешбинӣ шудааст, ки воситаҳои ахбори омма бо ризоияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд рӯзноманигори худро дар назди онҳо вакил намоянд. Рӯзноманигори вакилшуда ҳуқуқ дорад, ки дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ташкилоти ӯро аккредитатсиянамуда иштирок намояд, ӯ ба тартиби ташкилоти мазкур муқарраркарда бо стенограммаҳо, суратмаҷлисҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо таъмин карда мешавад. Аккредитатсияи рӯзноманигорони хориҷиро ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо Сарқонун (Конститутсия) ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро риоя нанамоянд, метавонад қатъ намояд. Воситаҳои ахбори омма бо иҷозати мақомоти расмӣ метавонанд дар мамлакатҳои хориҷӣ мухбирони худро дошта бошанд (моддаи 33). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» аз 14 декабри 1996 ба муассисаҳои радиову телевизион ҳуқуқ медиҳад, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон гурӯҳҳои эҷодӣ ва кормандони ҷудогонаи худро Аккредитатсия намоянд. Тартиби Аккредитатсияи гурӯҳҳои эҷодӣ ва кормандони радио ва телевизион аз тарафи Ҳукумати ҶТ муайян карда мешавад (моддаи 26). Бо мақсади озодона паҳн кардани ҳамаи шаклҳои ахбор, ҳамкорӣ дар мубодилаи ахбор бо давлатҳои хориҷӣ, зарурати таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи журналистон ва дигар ходимони васоити ахбори омма ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор дар ҶТ Низомнома дар бораи Аккредитатсияи мухбирони хориҷӣ дар ҶТ тасдиқ шудааст.

Манобеъ

вироиш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Боби якум. Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ.

Пайвандҳои беруна

вироиш

Сарчашма

вироиш