Акрексдезин, динобутан, динофен, як навъ моддаи химиявӣ. Кристаллҳои рангаш зард; ҳарор. гуд. 61 – 62°С. Дар об бад, дар спирт нисбатан беҳтар, дар атсетон ва ксилол нағз ҳал мешавад. Акрексро чун хокаи намкаши 50%-а истеҳсол мекунанд. Суспензияи 0,1 – 0,5%-аи он барои нест кардани канаҳои рустанихӯр ва занбӯруғҳои гарда, тортанакҳои пахта (ба ҳар га 1 кг), канаи дӯлона ва канаи дарахтони мева (ба ҳар га 0,75 – 2 кг), гардаи себу нок (ба ҳар га 0,75 – 1,5 кг), канаи сурхи рустаниҳои ситрусӣ (ба ҳар га 3 – 4 кг), тортанаккана ва гардаи бодиринг (1,5 –3 кг) истифода мегардад. Акрекс хеле заҳрнок аст ва канаҳоро дар ҳамаи давраи инкишоф маҳв мекунад. Бинобар ин дар вақти ба доруҳои фосфороорганикӣ тобовар шудани канаҳо ин доруҳоро метавон бо акрекс иваз кард. Дар таркиби себ, нок, ангур, рустаниҳои ситрусӣ аз 0,05 мг/кг зиёд боқӣ мондани акрекс ҷоиз нест (вале дар таркиби ғуҷуммеваҳо набояд боқӣ монад). Дар давраи нашви рустанӣ акрексро аз ду маротиба зиёд намепошанд. Истифодаи акрекс дар атрофи ҳавзҳои моҳипарварӣ манъ аст. Баъди 3 рӯзи истифодаи акрекс ба корҳои мошинӣ ва пас аз 8 – 10 рӯз ба корҳои дастӣ иҷозат дода мешавад. Барои занбӯри асал заҳр аст, аз ин лиҳоз онро дар давраи гули рустаниҳо истифода бурдан мумкин нест.

Сарчашма

вироиш