Аксарият дар ҳуқуқи конститутсионӣ
Аксарият дар ҳуқуқи конститутсионӣ — шумораи иштирокчиёни ҷараёни қабули қарори дастаҷамъӣ, ки мувофиқ омадани мавқеъ ва мазмуни қарори қабулшударо дар ниҳоят муайян мекунад. Дар ҳуқуқи конститутсионӣ қоидаест, ки «қарорро аксарият қабул мекунад» (дар дигар соҳаҳои ҳуқуқ низ амал мекунад) ва хусусан дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ, раъйпурсӣ, фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, намояндагӣ, қарори мақомоти судӣ, ки дар маҷлисҳои умумӣ қабул мешаванд ва ғ. Алтернативаи қабули қарор аз рӯи аксарият факат усули консенсус - розигии ҳатмии ҳама шахсони ваколатдор барои қабули чунин қарор буда метавонад. Усули дар ҳуқуқи байналхалқӣ паҳншудаи консенсус қариб дар ҳуқуқи конститутсионӣ ба кор намеояд. Аҳамияти аксариятро барои қабули қарорҳо ба эътибор гирифта, ҳуқуки конститутсионӣ равшан муайян мекунад, ки дар ҳар як ҳолат аксарият бояд чӣ гуна бошад - нисбӣ, том ё мутлақ ва тартиби муайян кардани чунин аксарият чӣ хел аст. Қоидаи аксарияти нисбӣ онро ифода мекунад. ки аз шумораи якчанд номзадҳо каси интихобшуда ё ки аз шумораи чандин қарори пешниҳодшуда фақат ҳамон қарор қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки нисбат ба дигарон зиёд овоз гирифта бошад. Ин усул дар интихоботи низоми мажоритарии аксарияти нисбӣ, дар баъзе мамлакатхо дар раъйпурсӣ (Италия, Фаронса) ва дар вакти овоздиҳӣ оид ба лоиҳаи қонун дар парлумон ба кор бурда мешавад. Қоидаи аксарияти том барои номзадхо ё қарорҳо бояд на овози зиёди одӣ, балки шумораҳои онҳо аз панҷоҳ фоизи дар овоздиҳӣ иштирокдошта зиёд бошад. Ин усул асоси интихоботи низоми мажоритарии аксарияти том мебошад. Лоиҳаи Конститутсияи ҶТсоли 1994, ки ба раъйпурсӣ пешниҳод шуда буд, бояд бо овози аксарияти томи дар раъйпурсӣ иштирокдошта қабул мешуд, чунин аксарият дар маҷмӯъ таъмин гардида буд. Барои қоидаи аксарияти нисбӣ ё томро истифода кардан дар бисёр ҳолатҳо адади муайяни иштирокчиён - кворум зарур аст, ки фақат дар ҳолати ҳузур доштани онҳо ба қабули қарор шурӯъ кардан мумкин аст. Қоидаи аксарияти мутлақ онро мефаҳмонад, ки барои қабули қарор бояд адади овозҳое гирифта шавад, ки аз талаботи 50 фоиза хеле зиёданд: аз се ду, аз чор се ва ғайра. Аксарияти мутлақ одатан барои бартараф кардани эроди Президент нисбат ба қонун ё қисме аз он, дар ҳолати ҷонибдорӣ наёфтани қонуни аз тарафи палатаи поёнӣ қабулшуда аз ҷониби палатаи болоӣ ба кор бурда мешавад. Дар ҶТ қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти ҶТ баргардондашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунад. Ҳуқуқи конститутсионӣ зери ибораи «аксарияти парлумонӣ» самтҳои дигари дар фаъолияти парпумон ба кор бурдани аксариятро дар назар дорад, масалан, ҳуқуқи ҳизби сиёсии дар интихобот ба аксарияти овозҳо ноилгашта ба ташкили ҳукумат ва ғайра.[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.34