Итолиё

ҷумҳурии демократӣ дар Аврупои Ҷанубӣ
(Тағйири масир аз Италия)

Итолиё ё Италия (итол. Italia, номи расмӣ — Ҷумҳурии Итолиё (итол. Repubblica Italiana)) — яке аз давлатҳои тараққикардаи Аврупо мебошад. Ҳамсарҳадӣ мекунад: бо Фаронса дар шимолу ғарб (масофаи сарҳад — 488 км), бо Швейтсария (740 км) ва бо Утриш (430 км) — дар шимол, бо Словения — дар шимолу шарқ (232 км). Инчунин сарҳади дохилӣ бо Ватикан (3,2 км) ва Сан-Марино (39 км) дорад.

Итолиё
Repubblica Italiana
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Итолиё|
]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Забони итолиёӣ
Пойтахт Рим
Шаҳри калонтарин Рим, Милан, Неапол, Турин, Палермо, Генуя, Болоня, Флоренсия, Бари, Катания, Венетсия
Идораи давлат
Президент Серҷиу Матарелла
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
71-ум ҷой дар ҷaҳон
301 340 км² (бо ҷазира 309 547) км²
2,4 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
43-ум ҷой дар ҷaҳон
60 497 174
200,76 нафар/км²
Пули миллӣ евро
Интернет-Домен .it (ва .eu)
Коди телефон +39
Соат UTC +1 +2

Таърих Вироиш

Мақолаи асосӣ: Таърихи Итолиё

Руми Бостон Вироиш

Мақолаи асосӣ: Руми Бостон

Дар аввали ҳазора I п.м. ҷануб ва маркази Итолиё халқҳои итолиёӣ сукунат мекарданд ва яке аз онҳо қабилаи лотин буд. Лотинҳо Иттиҳоди лотинҳоро ташкил карданд, ки аз 30 сивитат иборат буда ҳукумати ҳар яки онҳо аз машварати халқи иборат буд (комиссия). Аз рӯи қиссаҳои лотинӣ аз ҳама пурзӯртарин сивитат Лаврент буд ва пас Лавиния ва Алба-Лонга, дар асри VI аз ҳама пурзӯртарин сивитати иттиҳод Рум гашт. Баъди ҷангҳо соли 290 Рум ҳамаи халқҳои итолиро зери таъсири худ гардонид. Як қисми заминҳое ки аҳолии ғайрирумӣ дошт ба римиҳо супурда мешуд ва дар онҳо маҳаллаҳои румӣ бунёд мекарданд ва ингуна Итолиё аз халқҳои романӣ сершумор гардид. Дар вақти ҳукмронии шоҳаншоҳ Диоклетиан дар Итолиё тақсимоти маъмурӣ баргузор гашт ва онро ба вилоятҳо тақсим карданд. Баъди шикаст хӯрдани Имперотурии Рум дар соли 476 подшоҳи Итолиё сарлашкар Одоакр эълон шуд, (аз қабилаи руг), аммо дар соли 493 сарватҳои ӯро остготҳо забт карда худи Одоакрро куштанд.

Сиёсату ҳукумат Вироиш

Тақсимоти маъмурӣ Вироиш

 
Тақсимоти маъмурии Итолиё

Мавқеи иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ Вироиш

Масоҳаташ-301.0 ҳазор км. Аҳолияш-58.3 млн нафар. Пойтахт - Рум. Забони давлатӣ - итолиёӣ. Воҳиди пул - лираи итолиёӣ. Итолиё дар қисми Ҷанубии Урупо ҷойгир буда, онро мувофиқи шароити табиию таърихӣ, инкишофи хоҷагӣ ба се қисм ҷудо кардаанд: қисми материкӣ, қисми нимҷазиравӣ ва қисми ҷазиравӣ.Сарҳади обияш аз сарҳади хушкиаш чор маротиба зиёд аст.Ноҳияҳои дохили хушки аз баҳр 200-300 километр дур вокеь гардидаанд. Дарёи Миёназамин Итолиёро бо Ховари Миёна, шимоли Африқо ва кишварҳои ҷануби Урупо пайваст менамояд. Ин ба тарақиёти хоҷагии Итолиё мусоидат менамояд.Роҳҳои ҳавоии трансконтиненталӣ аз фазои Итолиё мегузаранд.

Аҳолӣ Вироиш

Аз рӯи шумораи аҳолии Итолиё дар Урупои Ғарбӣ баъди Олмон дар ҷои дуюм меистад. Барои мамлакат эмигратсияи доимӣ хос аст. Сабабҳои асосии ин ҳолат шароити вазнини зиндагии деҳқонон, бекорӣ ва дараҷаи пасти музди кории коргарон мебошад. Дар Итолиё нисбат ба Аврупои Ғарбӣ дида пасттарин сатҳи муҳоҷират ба кишваоҳои Иттиҳодияи Урупо зиёд гардид. Дар ҷойгиршавии ҷамъият шаҳрнишинӣ таъсири калон расонида аст. Қисми зиёди аҳолии шаҳр дар шимоли кишвар сокин шудааст. Аксари шаҳрҳои Итолиё дорои таърихи қадима мебошанд. Онҳо ҳамчун осорхонаҳои таърихии аз ёдгориҳои бой мебошанд. Дар байни онҳо шаҳрҳои Рум, Флорентсия, Венетсия, Милан, Генуя, Болония бо ёдгориҳо ва санъати тасвирии худ фарқ мекунанд.

Ҳайати миллии аҳолии Итолиё якхела, 98 фоизи онро итолиёиҳо ташкил менамоянд. Дини онҳо масеҳии католикӣ мебошад.Он дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад ва ба доираи васеъи аҳоли таъсири зиёде мерасонад. Дар қисми ғарбии шаҳри Рум давлати Ватикан ҷойгир аст. Сарвари давлат Попи Рум буда, вай дини католикиро сарварӣ менамояд. Ҳайати синфии аҳолии Итолиё аз пролетариати шаҳру деҳот, деҳқонони қамбағал, косибон ва ҳунармандон иборат аст. Буржуазия синфи ҳукмрон мебошад. Сохти давлатии Итолиё ҷумҳурии порлумонӣ буда, раисҷумҳур сарвари давлат мебошад.

Иқтисодёт Вироиш

Саноат Вироиш

Итолиё бо захираҳои ҳама намуд канданиҳои фоиданок хуб таьмин аст.Дар каламрави он захираи гази табии, боксит,полиметалҳо,симоб,сулфур,мармар муаян карда шудаанд.Дар байни мамлкатҳои Аврупо Итолиё аз рӯи захираҳои обӣ ва геотермали фарқ мекунад.Саноати ҳозираи Итолиё ба воридти ашёи хом вобастаги дорад. энергетикаи мамлакат ба нефт, кокс, ангишти воридоти ва гази табиию захираҳои обии ватани такя мекунад.Аз рӯи иктидори заводҳои нефткоркуни Итолиё аз мамлакатҳои Аврупои Гарби пеш аст.Катьи назар аз он, ки дар истеҳсоли энергияи барки чои аввалро ТЭС-хо гирифтаанд,вале аҳамияти ГЭС-ҳои дар дарёҳои куҳи сохташуда дар хоҷагии халки мамлакат калон аст.Дар Маркази Итолиё неругоҳҳои баркии геотермали кор мекунанд.Вобаста ба тараққии истеҳсолоти энергияталаб истеҳсоли энергияи барки мунтазам зиёд шуда истодааст.

Мошинсозӣ Вироиш

Дар иктисодиёти мамлакат мошинсози аҳамияти калон дорад.дар он мошинсозии налкиёти хеле тараққи карда аст.Итолиё ба миқдори зиёд мотороллер, велосипед ва киштию автомобил истеҳсол мекунад.Аз 3/4 хисаи мошинсози дар шимоли Итолиё ҷойгир карда шудааст.

Тараққиёти мошинсозӣ сабаби афзоиши истеҳсоли металҳои сиёҳ ва ранга гардид. Металургияи сиёҳ дар заминаи ашёи хоми воридоти (оҳанпора, чуян,кокс, маьдани оҳану металҳои дигар) инкишоф меёбад.Корхонаҳои калони металургияи сиёҳ дар Торонто, Генуя, Неапол, ҷойгир шудаанд. Дар Милан ва Турин заводҳои металургии азнавкоркуни амал мекунад. Дар назди ГЭС-ҳои кухи соҳаи электрометалургия (гудозиши пулод ва алюмини) инкишоф ёфтааст.
Саноати химия ба ашёи хоми воридоти (хориҷи) (нефт ва фосфоритхо) ва махалли (гази табии, сулфур ва ғайрахо) такя мекунад.Асоси онро маҷмӯъи нефту химия ташкил менамояд.Дра он ҳиссаи пластмасс ва нахи синтетики калон аст. Кисми зиёди заводҳои химияви дар шимоли Итолиё ҷойгир шудаанд, корхонаҳои маҷмӯъи нефту химия бошад,дар бандарҳои чанубии мамлакат амал мекунад.
Саноати бофандаги асосан аз нахҳои пахта ва синтетики истифода мебарад.Корхонаҳои бофандаги дар шаҳри Милан ва гирду атрофи он ҷойгир шудаанд.Бухронҳои иктисодии солҳои 70 ва 80 асри ХХ ба соҳаҳои киштисозию мошинсози ва бофандаги таьсири зиёд расонидаанд.Дар айни замон соҳаҳои мухими саноатро автомобилсози (дар ҷаҳон чои 5-ум) химия, металурги, пулофгудози, саноати сабук ва хуроквори ташкил мекунад.

Аҳолӣ Вироиш

Фарҳанг ва маориф Вироиш

Пайвандҳо Вироиш

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Итолиё дорад

Эзоҳ Вироиш

Иттиҳоди Аврупо
 
Flag of the European Union

Австрия • Белгия • Булғористон • Дания • Ирландия • Испания • Италия • Кипр • Латвия • Литва • Люксембург • Малта • Маҷористон • Нидерланд • Олмон • Подшоҳии Муттаҳида • Лаҳистон • Португалия • Руминия • Словакия • Словения • Фаронса • Финланд • Чехия • Шветсия • Эстония • Юнон