Аланҳо
Аланҳо (худашон эронӣ мегӯянд; ба гурҷӣ осҳо, русӣ – ясҳо) — қабилаҳои сершумори эронизабон, ки дар асрҳои аввали милодӣ аз қабилаҳои нимкӯчии сарматҳо баромадаанд. Дар ёдгориҳои хаттии садаи I то м. аз Аланҳо ёд шудааст. Дар кӯҳдоманҳои Урал ва Кавкази Шимолӣ мезистанд. Қисме аз онҳо дар давраи Муҳоҷирати бузург ба Испания, Шимол Африка ва Галлия кӯч баста, бархе дар кӯҳсори Кавказ паноҳанда шуданд. Дар асрҳои 7 – 10 шомили ҳайати хоқонии Хазарҳо гардида, муддатҳои мадид алайҳи хазарҳо, арабҳо ва византиягиҳо мубориза бурдаанд. Дар ибтидои садаи X давлати алоҳида – Алания таъсис доданд. Аланҳо пешгузаштагони осетинҳо буда, барои ташаккули этногенез ва маданияти дигар халқҳои Кавкази Шимолӣ аҳамияти муҳим доштаанд. Аланҳо асосан чорводор будаанд, вале баъдтар ба ҳунармандӣ – кулолӣ, заргарӣ, ҳаҷҷорӣ, ҳаккокӣ ва кордсозӣ низ машғул шудаанд. Аз асрҳои 10 – 12 соҳиби хат мебошанд. Солҳои 1238 – 39 лашкари тотору муғул водии Назди Кавказро забт намуда мардуми маҳалро аз дами теғ гузаронд ва аҳолии зиндамонда ба кӯҳҳои Кавкази Марказӣ паноҳ бурданд. Аксарияти аланҳо то асрҳои 14 масеҳӣ буданд ва минбаъд ба Ислом гаравиданд. Аланҳо аҷдоди мустақили осетинҳоянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кузнецов В. А., Аланские племена Северного Кавказа, М., 1962;
- Новая Российская энциклопедия, М., 2005.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.