Алафи гунҷишк (Herniaria glabra) — даббагиёҳ, сагсобун, гиёҳест худрӯй. Пояаш сершоху барг (5 – 20 см қад мекашад), одатан дар рӯи замин мехобад. Баргаш майда (дарозиаш 2 – 7 мм, бараш 1 – 3 мм), дарозрӯя ё гирд мешавад. Гулаш 5-баргаи сабзи зардтоб ё сафедча (моҳҳои апрел – июн мешукуфад). Ғӯзааш яктухма, тухмаш қаҳваранги баланд ё сиёҳтоби ҷилодор. Алафи гунҷишк асосан дар санглоху регзори соҳили рӯд, канори сой, нишебиҳои регхоки кӯҳ, дашту саҳро, замини холиву канори роҳ (қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои ҷан. Тоҷикистон; дар баландии 800 – 2400 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд; баъзан чун алафи бегона дар ғаллазор низ нумӯ меёбад. Алафи гунҷишк гиёҳи доруист. Онро аз қадим барои табобати дабба ва илтиҳоби пешоброҳа истифода мебаранд. Табибони халқӣ бо алафи гунҷишк зардпарвин, илтиҳоби гурда, қабзияти масона, иллати шуш, узвҳои ҳозима, тарбод, сил, артрит, ниқрис, сӯзок ва ғайраро табобат мекунанд; онро давои хуби пешоброн (махсусан барои шахсоне, ки гирифтори обхӯраанд) меҳисобанд. Баргу пояи алафи гунҷишк, ки дар давраи гул карданаш ҷамъ меоваранд, ашёи хоми саноати тиб аст. Онро дар ҷойи соя мехушконанд (аз баргу пояи хушкаш бӯи кумарин меояд). Нақеъ (настой)-и баргу пояи алафи гунҷишк барои аз гурда ва масона баровардани санг ва табобати илтиҳоби пешобдон яке аз давоҷоти самарабахш аст. Баргу пояи он хусусияти давоии худро то 2 сол нигоҳ медорад. Дар баъзе ҷойҳо бо ҷӯшоби алафи гунҷишк чорвои хонагиро мешустаанд (аз ҳамин ҷост, ки «сагсобун» ном гирифтааст). Баргу пояи алафи гунҷишк то 0,85% пайвастҳои кумаринӣ (кумарин, герниарин, умбеллиферон), 0,12 – 2,43% флавоноидҳо (арабинозид, кверсетин, рамногликозид, изорамнетин, рутин), 1,77 – 11,62% сапонинҳо, 3,16 мг% моддаҳои даббоғӣ, 0,6% равғани эфир, 5,5% луоб ва ғайра дорад.

Алафи гунҷишк
Алафи гунҷишк
Гуна
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Herniaria glabra L., 1753, Sp. Pl.:218 typus
Алафи Гунҷишк (Herniaria glabra Sturm 2)

Адабиёт

вироиш
  • Флора Таджикской ССР, т. 1, Л., 1968;
  • Халматов Х. Х., Основные лекарственные растения Средней Азии, Ташкент, 1984;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Сарчашма

вироиш