Албанияи Қафқозӣ (озарбойҷонӣ: Qafqaz Albaniyası) — Дар давраи қадим дар минтақаи Озарбойҷони ҳозира албанҳои қафқозӣ зиндагӣ мекарданд[1], ки аз рӯи ақидаи муҳаққиқон ба забонҳои лезгинӣ муошират мекарданд[2]. Ҳамин тавр, дар асоси маълумоти забоншиносӣ, гуфтан мумкин аст, ки ба аҳолии муосири минтақа инҳо дохил мешаванд: лезгинҳо, ҳалқи Шаҳдаг ва удинҳо (динашонро низ нигоҳ доштаанд)[3]. Аз рӯи маълумоти антропологӣ ба типи каспигии нажоди аврупоӣ дохил мешуданд [4]. Ба ин тип озарбойҷониҳо дохил мешаванд[5].

Албаниҳо, аз рӯи ақидаи баъзе муҳаққиқон, пештар ба сатрапи Ҳахоманишии Мод тобеъ буданд, ва баъди сарнагун шудани давлати Ҳахоманишиҳо ба шоҳҳои Атропатена (дар Озарбойҷони Эрон) тобеъ гаштаанд. Дар аввали асри II то милод тамоми қисми шарқии Озарбойҷони ҳозира, ҷанубтар аз дарёи Кура то омехтани он бо Аракс, ки дар он қабилаҳои гуногуни албанӣ менишастанд, аз тарафи Арманистони Бузург истило карда шуд.[6] Дар аввали асри IV иттифоқи қабилавии албанӣ ба вуҷуд омад, ки он дар охири асри II то милод [7] (аз рӯи маълумоти дигар дар миёнаи асри I) [8] шакли давлатро гирифтааст.

Дар минтақаи назди Каспӣ забони мидии миёна дар гуфтугузор буд, ки аз он забони толишии ҳозира баромадааст.[9], лекин аз рӯи шоҳидии ҷуғрофишиносон ва таърихшиносони араби он давра, аз ҷумла Истаҳри, Ибн-Ҳавкал, Муққадасӣ ва дигарон, забони албанӣ дар асри X дар пойтахт, дар шаҳри Барда истифода мешуд. Ҳамон сарчашмаҳои араб, инчунин маълумот медиҳанд, ки дар он тарафи Барда ва Шамкур (Қаробоғи Кӯҳӣ) арманиҳо зиндагӣ мекарданд[10]. Шоҳигарии Албан тобеи Сосониён ва дертар, соли 457 аз тарафи Сосониён барҳам дода шуд. Лекин, тадриҷан, албанҳо тавонистанд мустақилияти нисбиро ба даст оваранд. Дар асри VII шоҳигарии Албан аз тарафи арабҳо забт карда шуд [11]. «Аҳолии дар соҳили чап воқеъ будаи шоҳигарии Албан, ки аз ҷиҳати нажодӣ гуногунрангӣ дошт, дар ин вақт бештар ба забони форсӣ мегузарад. Хусусан ин ҳолат дар шаҳрҳои Арон ва Шервон дида мешавад, ки дар асрҳои IX—X чунин ном гирифтаанд (ду ноҳияи асосӣ дар минтақаи Озарбойҷон). Аҳолии рустоӣ бошад, аз рӯи мушоҳида, аксаран, муддати дароз то кунун забонҳои куҳани худро ҳифз кардаанд, ки бо забонҳои имрӯзаи Доғистон, пеш аз ҳама забони лезгинӣ, хешовандӣ доранд»[12].

  1. «Очерки по истории и культуре Кавказской Албании IV в. до н. э. — VII в. н. э.», К. В. Тревер, 1959 г.
  2. История Востока. В 6 т. Т. 2. Восток в средние века. Глава I. —
    {{{1}}}
    : «Восточная литература», 2002. — ISBN 5-02-017711-3. Аҳолии рустоӣ бошад, аз рӯи мушоҳида, аксаран, муддати дароз то кунун забонҳои куҳани худро ҳифз кардаанд, ки бо забонҳои имрӯзаи Доғистон, пеш аз ҳама забони лезгинӣ, хешовандӣ доранд"
  3. Климов Г. А. Языки мира: Кавказские языки. Агванский язык. — М.: Академия, 1999. — С. 459—460. — ISBN 978-5-85759-085-0
  4. В.П. Алексеев. Данные антропологии к этногенезу тюркских народов. imp.rudn.ru. 3 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 августи 2011.
  5. [Институт этнографии имени Н. Н. Миклухо-Маклая. Народы Кавказа, том 1]
  6. А. П. Новосельцев. К вопросу о политической границе Армении и Кавказской Албании в античный период
  7. Статья о Кавказской Албании в Иранике Бойгонӣ шудааст 23 июли 2013  сол.

    During the Hellenistic period they joined with other neighboring tribes to form a unified state under a single ruler (Strabo 9.7.6; cf. below). It has been supposed that the unification took place towards the end of the 2nd century B.C.

  8. Всемирная история, М., 1956, т.2, стр. 417
  9. История древнего мира. Т.3. М., 1989, стр. 287
  10. КАРАУЛОВ Н. А. Сведения арабских писателей X и XI веков по Р. Хр. о Кавказе, Армении и Адербейджане
  11. История древнего мира. Т. 3. М., 1989, стр. 288
  12. И. М. Дьяконов. Воспоминания, стр. 730—731