Албина — навъи писта. Дар Пойгоҳи таҷрибавии ҷангали Тоҷикистон бо роҳи интихоб аз пистазори Пасигачи ноҳияи Данғара рӯёнда шудааст (Чернова Г. М., Олехнович Г. С.). Аз соли 1984 дар доманакӯҳҳои манотиқи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон мепарваранд. Буттааш миёнақади зудсабз, сершох; пӯстлохаш хокистарранг. Баргаш ҳаҷман миёна, сабзи сиёҳтоб. Гулаш калон, бебӯй, якҷинса (модина). Самараш байзашакл, пӯчоқаш тунук, вазни 100 донааш 85 г; мағзаш сабз (60% равған, 4,5% қанд, 13% сафеда дорад), аз пӯчоқ нағз ҷудо мешавад. Ба касалӣ ва ҳашароти зараррасон тоб меоварад. Пистазорҳои онро аз ниҳолҳои пайвандӣ бунёд менамоянд. Дар байни ҳар 4 – 5 бех ниҳоли модина як бех ниҳоли нарина пайванд кардан мувофиқи матлаб аст.

Сарчашма

вироиш