Александр Болдирев

Болдирев Александр Николаевич (русӣ: Александр Николаевич Болдырев; 29 майи 1909, Санкт-Петербург — 20 июни 1993, ҳамон ҷо) — шарқшинос-эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1954), профессор (1959). Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1969).

Александр Болдирев
русӣ: Александр Николаевич Болдырев
Таърихи таваллуд 29 май 1909(1909-05-29)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 июн 1993(1993-06-04)[1][2] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шарқшиносӣ ва эроншиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For the Defence of Leningrad"

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти фалсафа, адабиёт ва санъати шаҳри Ленинград (1931). Ходими илмии Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1933-36), шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Ленинград (1936−41), Институти шарқшино-сии АИ ИҶШС (1942−50), муаллим ва мудири кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Ленинград (1937− 84).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Беш аз 100 асараш ба табъ расидааст. Фаъолияти илмию эҷодии Александр Болдирев чун фолклоршинос оғоз ёфтааст. Дар Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ҳамроҳи Алӣ Хуш дар мураттабсозии «Намунаи фолклори тоҷик» (1938) ширкат дошт. Пас аз бозгашт ба Ленинград ба омӯзиши осори шоирону адибони асрҳои миёнаи форс-тоҷик Низомӣ, Хоқонӣ, Восифӣ, Дарвеши Деҳакӣ, сарчашмаҳои омӯзиши ҳаёти адабӣ ва мадании асри 16 («Музаккиру-л-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ) ва ғ. машғул шудааст. Александр Болдирев дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Восифӣ матни интиқодии асари ӯ «Бадоеъу-л-вақоеъ»-ро дар Маскав (1961) ва Теҳрон (1971−72) дар ду ҷилд ба табъ расондааст. Кори дигари Александр Болдирев чун матншинос ба чоп омода сохтани «Таърихи Бадахшон»-и Сангмуҳаммади Сурхафсар (1959) мебошад. Александр Болдирев дар бораи таърихи забони форсӣ, ташаккул ва рушди он, дар бораи тарҷумаҳои форсии «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ, ҷараёни тасаввуфии нақшбандия мақолаҳо навиштааст. «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомиро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Александр Болдирев ва И. С. Брагинский мустақилона ба кори тақсимбандии таърихи адабиёти форс-тоҷик ба давраҳо машғул шуда, ба баррасии аҳли илми таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик пешниҳод намуданд. Маълум гардид, ки тақсимбандии ҳар ду муҳаққиқ асосан ба ҳам монанд мебошанд. Дар асоси онҳо як даврабандии ягонае барои таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик қабул гардид.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1973) ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат ва меъморӣ (2010), инчунин бо орденҳо ва медалҳои ИҶШС сарфароз гардидааст.

  • Муайян намудани таърихи таълифи «Нуҳзатномаи Алоӣ» аз рӯи як рубоии Рӯдакӣ// Маҷм.: «Рӯдакӣ ва замони ӯ». Сталинобод, 1958;
  • Персидская литература с VIII до начала XIX века. // Краткая история литератур Ирана, Афганистана и Турции. Ленинград, 1971;
  • Зайниддин Васифи. Таджикский писатель XVI века. Д., 1989.

Адабиёт

вироиш
  • Болдирев Александр Николаевич / М. Муллоаҳмадов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.