Алексей Михайлович

Алексей Михайлович (19 марти 16298 феврали 1676, Москва) — дуюмин шоҳи рус аз сулолаи Романовҳо. Бо фармони Алексей Михайлович 7 феврали 1646 ба намак боҷи нав ҷорӣ карда шуд ва он сабаби сар задани «ошӯби намак» (25 майи 1646) гардид.

Алексей Михайлович
Alexis I of Russia (Hermitage).jpg
шоҳ
Таваллуд 19 (29) март 1629[1], 17 (27) март 1629, 10 (20) март 1629[2][3] ё 29 март 1629(1629-03-29)
Маскав
Даргузашт 29 январ (8 феврал) 1676[2][3] (46 сол) ё 8 феврал 1676(1676-02-08) (46 сол)
Мадфан
Ҷинс House of Romanov[d]
Падар Михаил Фёдорович[3][5]
Модар Eudoxia Streshneva[d][3][5]
Ҳамсар Maria Miloslavskaya[d][1] ва Natalya Naryshkina[d][1][2][6][…]
Фарзандон Sophia Alekseyevna of Russia[d], Пётр I, Natalya Alexeevna of Russia[d], Ивани V[7][8], Tsarevich Simeon Alexeyevich of Russia[d], Feodosia Alekseyevna of Russia[d], Maria Alekseyevna of Russia[d], Catherine Alekseyevna of Russia[d], Tsarevich Alexei Alexeyevich of Russia[d], Marfa Alekseyevna of Russia[d], Tsarevna Yevdokia Alekseyevna of Russia[d], Tsarevich Dmitry Alexeyevich of Russia[d], Фёдори III, Anna Alexiovna Romanov[d][9] ва Theodora Alexiovna Romanov[d][9]
Эътиқод Eastern Orthodoxy[d]
Соядаст Автограф царя Алексея Михайловича Сытин 3века 1912.jpg
Монограмма Монограмма
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷанги Руссия ва ПолшаВироиш

1 октябри 1653 дар Москва тасмим гирифта шуд, ки бо Полша ҷанг эълон карда шавад. Пас аз ҷанг бо Полша дар дохили Руссия исёнҳои нав сар заданд. Пас аз сарнагун кардани патриарх Никон Алексей Михайлович ба китобҳои динӣ тағйирот ворид кард. Бисёри рӯҳониён ва калисоҳо зидди ин навоварӣ буданд, хусусан калисои Соловетский муқобилият мекард. 22 январи 1676 калисо зӯран гирифта, исёнгарон овехта шуданд. Дар ин давра дар ҷанубӣ мамлакат казаки Дон – Степан Разин шӯриш бардошт. Ӯ соли 1667 корвони Шоринро талаву тороҷ намуда, шаҳри Яинскро гирифт, киштиҳои тиҷоратии форсҳоро ғорат кард, лекин дар Астрахан аз ин корҳо даст кашид. Майи 1670 ӯ боз ба Волга рафта шаҳрҳои Саритсин, Чёрний Яр, Астрахан, Саратов ва Самараро гирифт, қабилаҳои черемис, чуваш, мордва ва тоторро бархезонд. Дар наздикии шаҳри Симбирск шикаст хӯрда ба самти Дон гурехт. ӯро атаман К. Яковлев дастгир намуд ва 6 июни 1671 дар Москва қатл карда шуд. Пас аз ин ҳодисаҳо ҷанг бо Туркия барои Малороссия оғоз шуда, танҳо соли 1681 сулҳ баста шуд.

Ислоҳоти пулӣВироиш

Алексей Михайлович соли 1654 ислоҳоти пулӣ гузаронда аз ҳисоби талерҳои дар хазина ҷамъшуда сикка зад (рубл, «ефимка», четвертина ё полуполтинник) ва ба муомилот полтинники мисин баровард. ӯ фармон баровард, ки аҳолӣ андозро бо нуқра супораду пардохт аз хазинаи давлат бо тангаи мисӣ ба роҳ монда шавад. Деҳқонон ғаллаи худро, тоҷирон борҳояшонро ба пули мисӣ фурӯхтан намехостанд ва дар натиҷа «ошӯби мисӣ» сар зад. Инчунин Алексей Михайлович вазоратҳои нави марказӣ ташкил, баъзе боҷҳои хурдро бекор, киштисозиро оғоз ва қонунҳои нав ҷорӣ кард, бақайдгирии аҳолиро гузаронд. Дар замони ҳукмронӣ Алексей Михайлович Украина ба Руссия ҳамроҳ шуда (1654), забти Сибир идома ёфт ва шаҳрҳои Нерчинск (1658), Иркутск (1659), Пенза (1663), Селенгинск (1666) бунёд гардиданд. Ба хотираи Алексей Михайлович дар шаҳри Новий Оскол ҳайкал гузошта шудааст (2010).

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Алексей Михайлович (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 417—420.
  2. 2.0 2.1 2.2 Н. У. Алексей Михайлович (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 1. — С. 491—495.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 К. Б.—Р. Алексей Михайлович (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1900. — Т. 2. — С. 23—35.
  4. German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118501909 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  5. 5.0 5.1 Алексей Михайлович (рус.) // Военная энциклопедияСПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1911. — Т. 1. — С. 312—313.
  6. Наталья Кирилловна (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XXa. — С. 673—674.
  7. Павлов-Сильванский Н. Иоанн V Алексеевич (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1897. — Т. 8. — С. 271—272.
  8. Н. П.-С. Иоанн V Алексеевич (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIIа. — С. 694.
  9. 9.0 9.1 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)

СарчашмаВироиш