Алессандро Баузани


БАУЗÁНИ Алессандро шарқшиноси итолиёӣ, диншинос ва мутарҷим. Баузани донандаи тақр. 30 забони дунё буд.

Алессандро Баузани
итол. Alessandro Bausani
Alessandro Bausani (foto gentilmente concessa da Eros Baldissera).jpg
Таърихи таваллуд: 29 май 1921(1921-05-29)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 март 1988(1988-03-12) (66 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: исломшиносӣ[d], таърихи дин[d], Забони индонезӣ, урду ва ҳиндӣ
Ҷойҳои кор:

ЗиндагиномаВироиш

Донишгоҳи Римро хатм кардааст (1943). Муаллими забони форсии Донишгоҳи Рим (1944–56), мудири кафедраи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Неапол (1956–71). Дар Донишкадаи Шарқи Неапол аз адабиёти форсӣ ва индонезӣ дарс мегуфт. Дар охири умраш ба ҳайси профессори исломшиносии Донишгоҳи Рум кор кардааст.

ОсорВироиш

Баузани муаллифи пажӯҳишҳои муътабар аз қабили «Таърихи адабиёти Покистон» (1958), «Таърихи адабиёти форсӣ» (1960), «Дин дар Форс: аз Зардушт то Баҳоуллоҳ» (1959), «Будо» (1973), «Ислом» (1980) ва ғ. мебошад. Қуръон (1955), маҷмӯаи матнҳои дини зардуштӣ (1962), «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ (1982), намунаҳо аз эҷодиёти Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Убайди Зоконӣ, Бедил, Муҳаммад Иқболро ба забони итолиёӣ тарҷума кардааст, ки ба шакли маҷмӯа низ ба табъ расидаанд.

ЭзоҳВироиш

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)