Алии Кормал
Алии Кормал (1479, Марв — 1540, Ҳирот) — оҳангсоз, сароянда, навозанда ва мусиқидони тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1479 |
---|---|
Зодгоҳ | Марв |
Таърихи даргузашт | 1540 |
Маҳалли даргузашт | Ҳирот |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Зиндагинома
вироишАлии Кормал соли 1479 дар Марв таваллуд шудааст. Бино ба косиби дӯзанда буданаш мардум ба ӯ лақаби «Устоди ҷомабур»-ро додаанд.
Санъати тарроҳи ва мусиқӣ
вироишДар санъати тарроҳӣ низ номдор будааст. Алии Кормал дар санъати мусиқӣ истеъдоди комил дошта, бо бузургтарин аҳли созу овоз мусобиқаи ҳунарӣ мекардааст. Аз ҷумла ба осори Устод Шодӣ назираҳои рангин навиштааст, ки «Нақши Дарвешӣ», «Пешрави Сияҳчашмон» (бар усули «Барафшон» ба мақоми «Рост», ғазали Ҷомӣ), «Амали Фаришта» (бар усули «Мухаммас» ба мақоми «Ҳусайнӣ», ғазали Ҳофиз) аз намунаҳои беҳтаринанд. Инчунин Алии Кормал бахшида ба устодаш — Устод Шодӣ дар шаклҳои «Нақш», «Кор», «Савт», «Амал», «Қавл», «Пешрав» ва ғайра асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст. Дар навбати худ, устодаш низ «Моҳи Ҳилол» ном асарашро ба ӯ бахшидааст. Алии Кормал махсусан ба мақомҳои машҳури «Ҳиҷоз», «Бӯсалик», «Исфаҳон» асарҳо навиштааст, ки писанди аҳли мусиқӣ буданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Алии Кормал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Классические традиции музыкальной культуры эпохи Бехзода, дар кит. Камолиддин Бехзод и актуальные проблемы культуры народов Центральной Азии. — Д., 2002.