Алишер Абдуллоев

олими тоҷик

Алишер Абдуллоев (тав. 23.05.1951, шаҳри Исфара) — риёзидон ва файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1988). Узви вобаста (1991), академики Академияи кайҳоннавардии ба номи К. Э. Сиалковский (1996), узви вобастаи Академияи байналмилалии ноосфера (1999). ИДПЛ (1973). Омӯзгори кафедраи фалсафаи ИДПЛ (1973—1980), корманди ЗГМИ (1980—1982), муаллими ҷамъиятшиносии омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1982—1983), муаллими калони филиали Хуҷандии ИПТ (1982—1991), аспиранти Институти педагогии шаҳри Москва (1985—1988), директори Институти ноосфераи назди АИX СССР (1993—1995), ҷонишини директори китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ (1995—2000), директори Маркази фарҳанги Шарқ ш. Москва (2001—2002) ва аз с. 2002 ноиби ректори Донишгоҳи муосири башарии Русия ва Тоҷикистон. Муаллифи 9 рисола ва 56 мақолаҳои илмӣ аст, ки дар Русия, Молдавия, Венгрия, Булғория, Фаронса, Юнон интишор шудаанд.

Алишер Абдуллоев
Таърихи таваллуд 23 май 1951(1951-05-23)[1] (73 сол)
Зодгоҳ
Кишвар