Боқиев Алишер Худойназарович (таваллуд 21.12.1974, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ) — варзишгари тоҷик, куштигир, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар куштии ҷуду (2001) ва қураш (2003), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии ҷуду, қураш, самбо, «куштигирӣ». Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006).

Алишер Боқиев
Иттилоъоти инфиродӣ

Зиндагинома вироиш

Нозукиҳои гӯштини миллии қураш ва ҷудуро аз падараш — Мураббии хидматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Худойназар Боқиев омӯхтааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1996). Аз соли 1996 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба дзюдои ноҳияи Рӯдакӣ. Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон аз рӯйи намудҳои гӯштини дзюдо, самбо ва қураш. Ҷоизадори бозиҳои Осиё дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон (1994; ҷойи 5-ум). Соли 2001 дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Улан-Батор (ҶХМ) сазовори ҷойи дуввум ва медали нуқра гардид. Чемпиони Осиё дар бахши гӯштини миллии қураш (2001, Тошканд).

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Боқиев Алишер Худойназарович / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.