Худойназар Боқиев
Худойназар Боқиев (Боқиев Худойназар Ғоибович; 8 марти 1951, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ, ноҳияи Ҳисор — 29 майи 2012, ноҳияи Рӯдакӣ) — куштигир, ҷудукори тоҷик, Устоди варзиши Тоҷикистон (1975), Устоди варзиши ИҶШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон (1988), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2002).
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Зодрӯз | 8 март 1951 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 29 май 2012 (61 сол) |
Маҳалли даргузашт |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1970). Солҳои 1970—1975 муаллими тарбияи ҷисмонии Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 49-и ноҳияи Ленин, 1975—1980 мураббии Ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Ҳосилот», 1980—1985 сармураббии Мактаби варзишии кӯдакону наврасони № 1 (ҳоз. Мактаби махсуси варзишии ҷуду)-и ноҳияи Рӯдакӣ буд. Аз соли 2010 директори ҳамин мактаб. Худойназар Боқиев дар мусобиқаҳои варзишии сершумори Тоҷикистон ва ИҶШС иштирок намуда, борҳо ғолиб ва сазовори медалу ҷоизаҳо гаштааст. Қаҳрамони 49-каратаи Тоҷикистон дар куштии ҷуду ва самбо. Худойназар Боқиев дар тарбияи куштигирони ҷавони тоҷик саҳми бузург дорад.
Куштигирони номии Тоҷикистон Расул, Рустам ва Алишер Боқиев шогирдон ва фарзандони ӯянд.
Ҷоизаҳо
вироишБо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқиев Худойназар Ғоибович / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.