Аллергия
Аллерги́я (юн.-қад. ἄλλος — дигар, ғайр, бегона + ἔργον — таъсир) — ҳассосияти ғайриоди (баланд)-и организм, ки дар натиҷаи таъсири баъзе омилҳои муҳит, масалан, моддаҳои химиявӣ, микробҳо ва маҳсули фаъолияти ҳаёти онҳо, хӯрокворӣ, дору ва ғайра (онҳоро аллерген меноманд) ба вуҷуд меояд.
Аллергия | |
---|---|
Ихтисос | Масуниятшиносӣ |
| |
МКБ-10 | T78.4 |
МКБ-9 | 995.3 |
DiseasesDB | 33481 |
MedlinePlus | 000812 |
eMedicine | med/1101 |
MeSH | D006967 |
Таърих
вироишИстилоҳи «аллергия»-ро дар илм соли 1906 педиатри австриягӣ Фон Пирке барои ифодаи аксуламали ғайримуқаррарии баъзе кӯдакон, ки баъди тазриқи зардоби зидди хуноқ пайдо мешуд, ҷорӣ кардааст. Аллергия боиси инкишофи бемориҳои аллергӣ мегардад. Бемориҳои аллергӣ аз давраҳои қадим маълуманд. Ҳанӯз ҳаким Буқрот (асрҳои 5 – 4 то м.) таъкид карда буд, ки баъзе хӯроквориҳо ба организми одам намефоранд ва боиси пайдоиши саглес ва ихтилоли кори меъда мегарданд. Ба гуфтаи Ҷолинус (асри 2 то м.) баъзан аз бӯи гул зуком ба вуҷуд меояд. Дар садаи XIX исбот шуд, ки сабаби табларзаи хасбедагӣ ба тавассути нафаскашӣ фурӯ бурдани гарди рустаниҳост; ҳамчунин фарзияе пайдо шуда буд, ки ба роҳи нафас афтодани гарду чанг боиси пайдоиши бемории зиқи нафас мегардад.
Паҳншавӣ
вироишБемориҳои аллергӣ (зиқи нафас, поллиноз, саглес, зукоми аллергӣ, дерматитҳо, аллергияи хӯрок ва дору) дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд. Дар баъзе мамлакатҳо то 10%-и аҳолӣ гирифтори бемориҳои гуногуни аллергӣ аст. Бештар зиқи нафас, поллиноз ва саглес паҳн шудаанд, ки сабаби ин фаровон истифода бурдани антибиотикҳост.
Сабабҳои густариши беморӣ
вироишТараққиёти пуравҷи саноати химия ва истеҳсоли миқдори зиёди моддаҳои гуногуни синтезӣ, рангҳо, хокаҳои ҷомашӯӣ ва ғайра (аксари онҳо аллергиязоанд) низ яке аз омилҳои паҳн шудани бемориҳои аллергӣ мебошанд. Пайвастҳои гуногун – аз моддаҳои содаи химиявӣ (бром, йод) то моддаҳои мураккаб (сафедаҳо, полисахаридҳо) – метавонанд чун аллерген таъсир расонанд.
Баъзе аллергенҳои паҳншудатарин
вироишБаъзе аллергенҳо ба организм аз берун ворид шуда (экзогенӣ), баъзеи дигар дар худи организм ташаккул меёбанд (эндогенӣ ё аутоаллергенҳо). Аллергенҳои экзогенӣ ду хеланд: ғайрисироятӣ (гарду чанги хона, пашми ҳайвонот, дору, моддаҳои химиявӣ, гарди рустанӣ, хӯроквориҳои гӯштиву ширӣ ва наботӣ) ва сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо ва маҳсули фаъолияти онҳо). Дар сурати бори аввал ба организм ворид гаштани аллерген, таассурҳои ғайримуқаррарии аллергӣ рӯй медиҳанд. Он гоҳ ҳассосияти организм баланд намешавад, аммо худи аллерген моддаҳоеро ҳосил мекунад, ки онҳо ҳуҷайра, бофта ва узвҳоро иллатнок мегардонанд. Ба одам бештар таассурҳои махсуси аллергӣ хосанд. Таассурҳои аллергӣ аз рӯи вақти падидоӣ ду хел мешаванд: бетаъхир ва суст. Баъд аз 15 – 20 дақиқаи ба бемор таъсир расондани аллергени махсус дар пӯст ва узвҳо таассурҳои аллергӣ ба амал меоянд, ки онҳоро, одатан, таассурҳои бетаъхир мегӯянд. Обилаи пӯст, ихтилоҷ (спазма)-и бронхҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда, садамаи анафилаксӣ, поллинозҳо, саглес, зиқи нафас, бемории зардоб ва обварам (обварами Квинке) аз ҷумлаи таассурҳои аллергии бетаъхиранд. Таассурҳои сусти аллергӣ, одатан, пас аз чанд соат ё шаборӯз авҷ мегиранд. Бемориҳои пӯст, ки дар коргарони саноати химия, дорусозӣ, кормандони тиб, инчунин ҳини ҳассосияти организм ба бактерияҳо мушоҳида мешаванд (масалан, ҳангоми сил, брутселлёз, манқагӣ, туляремия ва ғайра), таассурҳои сусти аллергӣ мебошанд. Аллергия метавонад дар ҳама ҳолатҳои тамоси организм бо аллерген инкишоф наёбад. Дар пайдоиши он ирсият, ҳолати системаи асаб ва системаи эндокринӣ мақоми муайян доранд. Муқаррар кардаанд, ки агар волидайн гирифтори поллинозҳо, садамаи анафилаксӣ, зиқи нафас (шакли ирсии он), баъзе намудҳои зукоми аллергӣ бошанд, пас дар бештар аз 70%-и кӯдакони онҳо бемориҳои аллергӣ инкишоф меёбанд; дар оилаҳое, ки яке аз волидайн бемор аст, то 56%-и кӯдакон ба амрози аллергӣ гирифтор мешаванд.
Табобат
вироишҲангоми ташхиси бемориҳои аллергӣ аз бемор муфассал пурсидани таърихи касалӣ басо муҳим мебошад, чунки аз сухани ӯ оид ба хусусияти беморӣ ва омилҳои пайдоиши он хулоса баровардан мумкин аст. Духтур ба ин васила аз кадом гурӯҳи аллергенҳо пайдо шудани бемориро тахминан муайян карда метавонад. Аллергенҳои бемориангезро ба тавассути озмоиши махсус ва тадқиқи лабораторӣ ошкор мекунанд. Ташхиси бемориҳои аллергӣ, муолиҷа, бистаригардонии баъзе гурӯҳҳои беморон, ёрии махсуси машваратӣ ба муассисаҳои муолиҷавии дигар, баҳисобгирии бемориҳои аллергӣ, тарғиби маълумоти аллергологӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии кабинетҳои аллергологӣ мебошад. Тадбирҳои пешгирии бемориҳои аллергӣ: роҳ надодан ба тамоси такрорӣ бо моддаҳое, ки ҳассосияти баланди организмро ба вуҷуд меоваранд; ҷилавгирии ихтилоли аксуламали муҳофизатии организм. Шири модар муҳимтарин воситаи пешгирии аллергияи кӯдакон аст. Кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ мегиранд, ба бемориҳои аллергӣ бештар гирифтор мешаванд. Баҳри дучор нагаштан ба аллергия риояи низоми дурусти меҳнат ва истироҳат аҳамияти калон дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Леонов В. Л., Гардеев A. Н., Горлина И. К., Новоженов В. Г., Клиническая иммунология для врачей, М., 1997;
- Аллергичес кие болезни. Диагностика и лечение, М., 2000;
- Унифицированная программа по аллергологии, М., 2000.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.