Аломатҳои топографӣ
Аломатҳои топографӣ — аломатҳои шартии хаританависӣ, ки тарҳ, андоза, мавқеъ, алоқамандии фазоиву мантиқии объектҳои маҳал, инчунин баъзе тавсифоти миқдорию сифатии онҳоро ифода мекунанд. Аломатҳои топографӣ аслӣ ва нисбӣ буда, ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд: биноҳо, роҳҳои ҳамл (интиқоли лӯлаҳои газ, нефт, об ва ғайра) ва нақлиётӣ (роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан), киштзор, рустанӣ, хок (замин). Истифодаи аломатҳои топографӣ дар ҳама мавридҳои нақшабардорӣ ҳатмист. Аломатҳои топографӣ аз қисми графикӣ (тасвирӣ) бо нақша ва тавзеҳи он бо матн иборатанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.