Алоуддин Ҳусайни Ҷаҳонсӯз

Мақолаи асосӣ: Сулолаи Ғуриён

Алоуддин Ҳусейн Ғурӣ (форсӣ: علاءالدین حسین غوری‎), маъруф ба Ҷаҳонсӯз (форсӣ: جهانسوز‎; Вилояти Ғур1161) — султони давлати Ғуриён (1149—1161), писари Иззуддин Ҳусайни Ғурӣ ва бародари Баҳоуддини Сом.

Алоуддин Ҳусейн Ғурӣ
подшоҳи давлати Ғуриён
1149 — 1156
Таваллуд
Даргузашт 1161(1161)
Ғур
Сулола Шонасбониён
Падар Изуддин Ҳусайн
Фарзандон Алоуддин Отсиз ва Сайфуддин Муҳаммади Ғурӣ

Зиндагинома

вироиш

Ӯ аз маъруфтарин подшоҳони Ғуриён буда, баъд аз марги бародараш Баҳоуддини Сом дар шаҳри Фирузкӯҳ бар тахт нишаст.

Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонҳои давлати Ғазнавиён) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шуҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.[1]. Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ лашкари зиёде ҷамъ намуда дар соли 1150 ба пойтахти давлати Ғазнавиён — Ғазнин лашкар кашид ва зидди Баҳромшоҳи Ғазнавӣ ҷанг сар кард. Дар ҷанги байни Ғуриён ва Ғазнавиён писари подшоҳи Ғазнавиён Баҳромшоҳи Ғазнавӣ — Давлатшоҳ кушта шуд ва худи Баҳромшоҳ ба Ҳиндустон гурехт. Сипас, Баҳромшоҳи Ғазнавӣ аз Ҳиндустон ба Ғазна баргашта бародари Алоуддин Сайфуддини Суриро (волии шаҳри Газнин) мағлуб кард ва ӯро бераҳмона қатл намуд. Барои гирифтани интиқом аз бародари хеш Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ боз лашкар кашида лашкари Баҳромшоҳро шикаст дод ва шаҳри Ғазнинро оташ зад ва ба ҳамин ҷиҳат Алоуддин бо лақаби «Ҷаҳонсӯз» маъруф гардидааст.[2] Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ тамоми қасрҳо ва иморатҳои бунёднамудаи султон Маҳмудро хароб карда, гӯрҳои султонҳои Ғазнавиро кофта, устухонҳояшонро аз хок баровард ва сӯзонд. Ҳирот ва Марғобро низ фатҳ намуд. Баъд аз саркашӣ кардан аз пардохти хироҷ миёни Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ ва подшоҳи Салҷуқиён Санҷар мухолифат авҷ гирифт. Ӯ дар ин муқовимат мағлуб гардида асири султон Санҷари Салҷуқиён Салҷуқӣ гардид. Бад аз чанде (соли аиқ номаълум) султон Санҷар боз Алоуддинро волии Ғур таъйин намудааст. Алоуддин Ҳусейни Ғурӣ соли 1161 даргузашт. Пас аз ӯ писараш Сайфуддин Муҳаммади Ғурӣ подшоҳи давлати Ғуриён гардид.

Адабиёт

вироиш