Алтшулер Василий Евгеневич

Алтшулер Василий Евгеневич (1901, Смоленск1983, Москва) — зоотехник, доктори илмҳои биология (1947), профессор (1947).

Алтшулер Василий Евгеневич
Таърихи таваллуд 1901(1901)
Зодгоҳ Смоленск
Таърихи даргузашт 1983(1983)
Маҳалли даргузашт Москва
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Маскав (1924)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Маскав (1924). Ассистент ва мудири кафедраи Пажӯҳишгоҳи гӯшту шири шаҳри Москва (1928 – 34), мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии чорводорӣ (1935 – 40), мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Саратов (1941 – 50). Соли 1950 ба Тоҷикистон омада, аввал ба сифати профессор кафедраи чорводорӣ ва сипас ҳамчун мудири кафедраи зоотехникаи умумии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1952 – 59) фаъолият намудааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Тадқиқоташ ба қонуниятҳои таҳаввулот дар селексия, морфология, рӯёндани зоти нави чорво, генетикаи ҳайвонот, имкониятҳои таърихию фардии рушди ҷинсӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Муаллифи зиёда аз 60 таълифоти илмист.

  • К обоснованию применения эволюционного принципа в селекции, Саратов, 1947;
  • О единстве условий исторического и индивидуального развития в породообразовании, М., 1951;
  • Мичуринские методы в животноводстве и их применение в Таджикистане, Сталинабад, 1956;
  • Основы генетики, М., 1970; Генетика, М., 1970.

Сарчашма

вироиш