Амаду Жоржи
Амаду Жоржи (порт. - бразилӣ Jorge Leal Amado de Fariа; 10 августи соли 1912, — 6 августи соли 2001) — нависандаи Бразилия, узви Академияи адабии Бразилия (1961).
Жоржи Леал Амаду ди Фария | |
Таърихи таваллуд: | 10 август 1912[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | Баия, Бразилия |
Таърихи даргузашт: | 6 август 2001[1][2][4][…] (88 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Шаблон:МС, Баия, Бразилия |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор, шоир, румоннавис, сиёсатмадор |
Солҳои эҷод: | аз 1931 |
Жанр: | Роман |
Забони осор: | Забони португалии Бразилӣ[2][3] ва португалӣ[6][7] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
jorgeamado.com.br | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишНамояндаи насли нависандагоне, ки онҳоро мӯъҷизакорони Америкаи Лотинӣ меноманд. Чун ходими фаъоли ҷамъиятӣ маъруф буд. Барои иштирок дар муборизаи милли-озодихоҳӣ ба ҳабс гирифта шуда, якчанд сол берун аз кишвараш дар муҳоҷират зиндагӣ кардааст (дар Франсия, Чехословакия).
Фаъолияти эҷодӣ
вироишБа кори эҷодӣ аз 14-солагӣ шурӯъ, намуд. Дар романҳои нахустинаш «Кишвари карнавалҳо» (1932), «Жубиаба» (1935), «Баҳри мурда» (1936), «Капитанҳои регзор» (1937) аз зиндагӣ ва рӯзгори мардуми нодору камбизоат сухан меравад. Соли 1942 романи тарҷумаиҳолиаш «Ҳаёти Луис Карлос Престес» ба табъ расид.
Аз соли 1952 Амаду пурра ба эҷоди осори адаби-бадеӣ пардохт. Ин давраи эҷодиёти ӯро муҳаққиқон рӯ овардан ба «реализми сеҳрнок» номидаанд. Маҳсули ин давра романҳои «Габриэла, гул ва дорчин» (1958), «Дона Флор ва ду шавҳари ӯ» (1966), «Хазинаи мӯъҷизаҳо» (1963), «Муҳосира» (1984), повестҳои «Баҳрнавардони куҳан» (1961), «Рӯҳониёни шаб» (1964) ва ғайра мебошанд.
Амаду бо истифода аз унсурҳои эҷодиёти даҳанакии халқ, тахайюлоти бадеӣ тарзҳои хоси табиати озодидӯстии халқашро ифода кардааст. Китобҳои Амаду ба 50 забони гуногуни дунё тарҷума шудаанд.
Амаду узви Шӯрои Умумиҷахонии Сулҳ буд ва ба Ҷоизаи байналхалқии ленинии «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» мушарраф гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 73. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Prêmio Camões de Literatura (порт.)
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ TODOS OS VENCEDORES (порт.)
Адабиёт
вироиш- Ж. Амаду: Биобиблиографический указатель, М., 1965.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.