Амалиёти ҳарбӣ — маҷмӯи зарбаҳо, задухӯрдҳо, муҳорибаҳои аз рӯйи мақсад, вақт, макон ба ҳам мувофиқ ва алоқаманд, ки иттиҳодияи як ё якчанд намуди қувваҳои мусаллаҳ аз рӯйи ҳадафу нақшаи ягона барои ҳалли вазифаҳои фаврӣ ё стратегӣ мегузаронанд.

Нишонаҳои аввалини амалиёти ҳарбӣ дар муҳорибаҳои охири садаи XVIII аввали садаи XIX пайдо шуданд; мафҳуми амалиёти ҳарбӣ аз ҷиҳати назария ва амалия аввали садаи XX шакл гирифт.

Миёнаи солҳои 30 садаи XX дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ назарияи амалиёти ҳарби ҳуҷуми амиқ кор карда шуд, ки дар он анбӯҳи танкҳо, авиатсия, артиллерия ва десанти ҳавоӣ истифода мешавад. Дар замони ҳозира амалиёти ҳарбии қӯшунҳои хушкигард, баҳрӣ, ҳавоӣ ва десанти ҳавоӣ мавҷуданд. Амалиёти ҳарбӣ вобаста ба ҳадаф ҳуҷумӣ ё мудофиавӣ, вобаста ба вақт фаврӣ ё пай дар пай мешавад. Вобаста ба ҳайати қӯшунҳои иштироккунанда (қувваҳои флот) амалиёти ҳарбӣ стратегӣ, ҷабҳавӣ (гурӯҳи артишҳо), флотӣ, артишӣ, флотилиявӣ мешавад. Вазифа ва мазмуни амалиёти ҳарбӣ ба мақсадҳои ҳарбию сиёсии тарафҳои ҷангкунанда дар минтақаи муҳориба, ҳайати қувваҳои иштироккунанда, шароити мушаххаси вазъи фаврию стратегӣ, хусусияти амалиёти дуиман ва қӯшуни худӣ, инчунин шароити маҳал вобаста аст. Дар вусъати амалиёти ҳарбии ҳуҷумӣ дурии хати ҳуҷум, давомнокии амалиёт, паҳнои минтақаи ҳуҷум ва суръати ҳаракати қӯшун, дар амалиёти ҳарбии мудофиавӣ бошад, паҳнои хати мудофиа, чуқурии истеҳкоми мудофиавӣ ва давомоти амалиёт нишондиҳандаҳои асосианд. Тайёр намудан ва гузарондани амалиёти ҳарбӣ мавзӯи стратегия ва санъати фаврӣ мебошад.

Сарчашма

вироиш