Амигдалин (аз юн. ἀμυγδάλη — бодом), C20H27O11N, Амидҳо — навъе аз пайвастҳои органикии табиӣ. Ба синфи гликозидҳо мансуб аст. Дар мағзи бодоми талх (2,5 — 3,5 %), донаки шафтолу (2 — 3 %), зардолу ва олу (1 — 1,8 %), олуча (0,8 %), тухми себ, нок ва ғ. мавҷуд мебошад. Моддаи кристаллии сафед, ҳарор. гудозишаш 215°С, дар об ва спирт нағз ҳал мешавад. Ҳангоми бо кислотаи хлориди консентронида гарм кардан ҷавҳари бодом ва дар вақти гидролиз бо кислотаҳои сероб 2 молекула D — глюкоза, 1 молекула бензалдегид ва 1 молекула кислотаи сианид ҳосил мекунад. Амигдалинро аз мағзи бодоми талх, шафтолу, тухми себ, нок ва ғ. ба воситаи эфир мегиранд. Дар рӯда зери таъсири ферментҳо ва бактерияҳо таҷзия шуда, кислотаи сианид ҳосил мекунад. Бинобар ин боиси заҳролудии организм гаштанаш мумкин аст.

RCONH2, (RCO)2NH, (RCO)3N

Аз онҳо амигдалини якумин ва амигдалини дуюмини сиклӣ (имидҳо), баъзе кислотаҳои дикарбонӣ аҳамияти амалӣ доранд. Амигдалини якуминро ҳангоми таъсири мутақобилаи ангидрид ва хлорангидриди кислотаҳо, кетонҳо ва эфирҳои мураккаб бо аммиак, гарм кардани (тақр. то 220°С) намакҳои аммонийи кислотаҳо, инчунин гидролизи нопурраи нитрилҳо ҳосил мекунанд:

RCOC1 + NH3 → RCONH2 + HCI

CH3COONH4 → CH3CONH2 + Н2О

R – С = N + Н2О → RCONH2

Бисёр кетонҳои ароматӣ ҳангоми бо сулфиди аммоний ва сулфур то 160°С (реаксияи Виллгеродт) гарм кардан ба амигдалини кислотаҳо табдил меёбанд. Дар амигдалин хосиятҳои асосии гурӯҳи NH2 бинобар бо боқимондаи кислота пайваст буданаш суст шудааст, ҳарчанд он бо кислотаҳои минералӣ намак (RCONH2·HCl) ҳосил мекунад. Намак ноустувор буда, аз таъсири об зуд гидролиз мешавад. Реаксияи амигдалин ба лакмус нейтралӣ аст. A. бо металлҳо (Na, Ag, Mg, Zn, Hq) намак ҳосил карда, зери таъсири баъзе маводи химиявӣ вайрон мешаванд. Mac., дар вақти бо кислотаҳои минералӣ ҷӯшондан ё таъсири кислотаи нитрит ба кислота ва ҳангоми бо натрий ва спирт барқарор намудан, ба спирти якумин табдил меёбанд. Амигдалин дар об нағз ҳал мешаванд. Одатан, бӯи нохуш доранд (баъди нағз тоза кардан бӯй нест мешавад). Ба амигдалини кислотаҳои ғайриорганикӣ кислотаи сулфаминат – H2NSO2OH, кислотаи триамидофосфат – OP(NH2)3, кислотаи метафосфат – (С2Н5О)2 Р – NHR, кислотаҳои карбон, формамид, бензамид, мочевина (карбамид) ва ғ. мансубанд. Доруҳои сулфаниламидӣ дар тиб истифода мегарданд. Онҳо гурӯҳи сулфамидӣ – SC2NR1R11 доранд. Гурӯҳи амидӣ (NHCO) ба таркиби сафедаҳо ва полиамидҳо дохил мешаванд. Амигдалини аспарагин, глутамин ва мочевина аҳамияти хеле калон доранд, зеро дар мубодилаи нитрогени рустанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо ширкат меварзанд. Аспарагин ва глутамин дар таркиби сафеда мавҷуданд.

Сарчашма

вироиш