Амирбек Ҳабибов

Амирбек Ҳабибов (Амирбек Абибов; (5 майи 1916, деҳаи Рин, ноҳияи Ишкошим — 17 ноябри 1998, Душанбе) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1990).

Амирбек Ҳабибов
Амирбек Абибов
Таърихи таваллуд: 5 май 1916(1916-05-05)
Зодгоҳ: деҳаи Рин, ноҳияи Ишкошим, Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 17 ноябр 1998(1998-11-17) (82 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе Тоҷикистон
Фазои илмӣ: адабиётшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Алма-матер: Универститети Давлатии Тоҷикисон (1957)

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи Универститети Давлатии Тоҷикисон (1957). Фаъолияти кориаш аз соли 1932 оғоз ёфтааст. Муаллим, директори мактаби миёна ва нозири маориф (1932 — 43), корманди соҳаҳои Иттифоқҳои касаба ва идораҳои Ҳизби коммунистӣ (1943 — 52), корманди Интитути Забон ва Адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва ходими илмии Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1958 — 92). Аз соли 1992 то охири умр ходими пешбари илмии Интитути Забон ва Адабиёт.

Фаъолияти илмӣВироиш

Аз солҳои 60 садаи XX Абибов бо роҳбарии академик Абиб Мирзоев ба ҷамъоварӣ, тадқиқ ва нашри осори адибони асрҳои 18 — 19 ва ибтидои садаи XX шурӯъ карда, зиёда аз 400 мақолаву рисолаву монография ба табъ расонда, осори адибони зиёдеро манзури хонандагон кард. Ҷанбаи асосии фаъолияти илмии Абибов таъйини хусусиятҳои адабии доираҳои адабии Бадахшон, Зарафшон, Хатлон, Ҳисор ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон буд.

Вай зимни пажӯҳиш ва тадқиқи сарчашмаҳои адабӣ — тазкираҳо, баёзҳо, ҷунгҳо зиндагинома ва осори шоирони доираҳои адабии Хатлон, Дарвоз, Қаротегинро муайян намуд (маҷмӯаи «Ганҷи парешон», 1984). Монографияи «Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ» (1984) ҷамъбасти таҳлилу баррасӣ, изҳори назариёти муаллиф оид ба доираҳои адабии номбаршуда мебошад. Шарҳи ҳол, намунаҳои осори шоирони Ҳисорро дар китоби «Аз ганҷинаи адабии Ҳисор» ҷой додааст. Ин китоб инчунин таҳлилу ибрози андешаҳои муҳаққиқонаи адабиётшиносии Абибовро дар бар мегирад. Абибов аз тазкираҳо, баёзҳо, ҷунгҳо маводи зиёде ҷамъ оварда, китобҳои «Рубоиёти халқӣ ва китобӣ» (1981), «Баёзи ҷавоҳироти сухан» (1987) ва ғайраро ба табъ расонидааст.

ОсорВироиш

  • Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон, Д., 1971;
  • Ганҷи Бадахшон, Д., 1972;
  • Ганҷи Зарафшон, Д., 1984;
  • Аз ганҷинаи адабии Ҳисор, Д., 1995.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш