Амирзода Ориф Ҳамид

Амирзода Ориф Ҳамид — эколог, олим, доктори илмҳои техникӣ (2022)[1], дотсент. Дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Амирзода Ориф Ҳамид
Таърихи таваллуд 13 январ 1972(1972-01-13) (52 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Ҷомӣ , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, КВД “Обу корези Душанбе”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Амирзода Ориф Ҳамид 13 январи соли 1972 дар ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ (аз рӯи ихтисоси “Обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳо”) хатм кардааст.

  • Солҳои 1995-1999 – Ассистенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
  • Солҳои 1999-2003 – Муаллими калони кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
  • Солҳои 2003-2006 – Иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
  • Солҳои 2006-2007 – Декани факултети «Технологияи кимиёвӣ ва металлургия» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
  • Солҳои 2007-2013 – Декани факултети «Сохтмон ва меъморӣ» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
  • Солҳи 2013-2017 – Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
  • Солҳои 2017-2020 – Мудири Шӯъбаи идоракунии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар назди КВД “Обу корези Душанбе”.
  • Аз 01.05. 2020 то 13.08.2020 – Мудири Лабораторияи “Экология ва рушди устувор”- и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
  • Аз 13.08.2020 с. то инҷониб – Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13 - уми августи соли 2020 таҳти №447 дар вазифаи Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад.[2].

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъватҳои панҷум (2015-2020) ва шашум (2020-2025). Аз соли 1999 то инҷониб аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон.[3].

Ҷоизаҳо

вироиш