Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 дар заминаи Шуъбаи масъалаҳои об ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро тайи солҳои 2000-2002 узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.С.Сафиев роҳбарӣ намуд, таъсис дода шуд.

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология
Соли таъсис 2002
Директор Амирзода Ориф Ҳамид
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734025, кӯчаи Бофанда, 5/2
Сайт imoge.tj

Таърих

вироиш

Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, инчунин бо мақсади зарурати истифодаи оқилонаи онҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 25 декабри соли 2000, дар назди Академияи илмҳо Шуъбаи масъалаҳои об ва экология таъсис дода шуд. Аввалин мудири шуъба доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Сафиев буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимону зиёиёни кишвар, бахшида 50-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 марти соли 2001 зарурати фарорасии таҳкими неруи илмии Тоҷикистон ва таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияро таъкид намуданд. Дар робита ба ин ташаббуси Сарвари давлат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002 таҳти №279 дар бораи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар Раёсати Академияи илмҳо фармони дар заминаи Шуъбаи захираҳои об ва экология таъсис додани Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияро аз 22 июли соли 2002 таҳти №72 содир намуд[1]

Нахустин директор – ташкилотчии директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ академики АИ ҶТ Ӯ.М. Мирсаидов (соли 2002) буд. Дар давраи то ноябри соли 2002 то июни соли 2009 институтро узви вобастаи АИ ҶТ И.Ш. Норматов сарварӣ намуд. Аз соли 2009 то 2020 директори институт, доктори илмҳои техникӣ З.В.Кобулиев буд. Аз 13.08.2020 с. то инҷониб – Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13 августи соли 2020 таҳти №447 доктори илмҳои техникӣ Амирзода Ориф Ҳамид дар вазифаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад.[2].

Озмоишгоҳҳо

вироиш

Дар айни замон дар институт 1 шуъба ва 4 озмоишгоҳ фаоъолият менамояд:

  • Идоракунии захираҳои об ва обсарфанамоӣ;
  • Сифати об ва экология;
  • Иншооти гидротехникӣ;
  • Энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ;
  • Моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлим.

Таҳқиқотҳои муҳимтарини институт

вироиш
  • таҳлили самараи муқоисавии энергетикии дарёҳои калони Тоҷикистон;
  • омӯзиши таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ;
  • коркарди усулҳои мутобиқ-гардонии гидроэнергетикӣ ба тағйироти ҷаҳонии иқлим:
  • коркарди моделҳо ва усулҳои пешгӯии ҷориши об барои гидроэнергетика;
  • коркарди усулҳои мӯътадилгар-донии кори нерӯгоҳи обӣ бо обанборҳо;
  • коркарди усулҳои танзими ҷориши об ба манфиати гидроэнергетика ва обёрӣ;
  • таҳлили қонунгузориҳои бай-налмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обию энергетикии дарёҳои сарҳадгузар;
  • коркарди усулҳои баҳодиҳии арзиши иқтисодии об ҳангоми истифодаи муштараки он ба максадҳои гидроэнергетики ва обёрӣ.[3]

Пайвандҳо

вироиш

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон