Амиршо Маҳрамов
Амиршо Маҳрамов (10.08.1954, деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози ВМКБ), доктори илмҳои биология (2012).
Амиршо Маҳрамов | |
Таърихи таваллуд | 10 август 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишАмиршо Маҳрамов соли 1976 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба итмом расонда, чанде дар мактаби миёнаи н. Ваҳдат муаллимӣ кардааст. Аз соли 1973 дар Пажӯҳишгоҳи биологии Помири АИ Тоҷикистон фаъолият намуда, вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмиро иҷро кардааст. Солҳои охир сарварии пойгоҳи Роғани (ноҳияи Дарвоз) пажӯҳишгоҳи номрафтаро ба уҳда дорад. Яке аз аввалинҳост, ки дар шароити кӯҳистони Дарвоз парвариши дарахтони субтропикӣ ва ситрусиро аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд, беш аз бист намуд дарахти ороиширо аз дигар гӯшаҳо (ҷамоҳири Осиёи Миёна, Қавқоз) оварда, ба шароити кӯҳистон мутобиқ кунондааст. Дорандаи чандин шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад.
Осор
вироиш- Парвариши зироатҳои ситрусӣ дар минтақаи субтропики Дарвоз. – Д., 1986;
- Парвариши лимӯи Мейер дар минтақаи субтропики Дарвоз. – Д., 1987;
- Возделывание цитрусовых культур в Дарвазской субтропической зоне. – Д., 2007;
- Интродукция цитрусовых культур в Дарвазской зоне Таджикистана: Дисс… доктора сельхоз. наук. – Д., 2012.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 330.