Амирӣ (суруд)
«Амирӣ» — суруд ва оҳанги базмии классикӣ, ки дар тантанаю ҷашнҳо иҷро мекарданд.
«Амирӣ» дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» чун шуъба ва гӯшаи тараннумию уфарӣ (рақсӣ) истифода шуда, тадриҷан аз байн рафтааст. Дар асрҳои 17—18 сарояндагону навозандагон «Амирӣ»-ро дар ҳамбастагӣ бо шуъбаҳои мақоми «Рост» иҷро мекарданд. Дар рисолаҳои аввали садаи XIX доир ба «Шашмақом» ҳамчун яке аз қисмҳои таронавии мақоми «Дугоҳ» зикр шудааст. Дар мусиқии халқӣ «Амирӣ»-ро чун асари дар ҳавои мақомҳо эҷодшуда мавриди истифода қарор медоданд. Яъне «Амирӣ» ба қатори сурудҳое мансуб аст, ки берун аз «Шашмақом» амал доранд. «Амирӣ» дар мусиқии классикии Эрон ва Озарбойҷон чун шуъбаи хурди созӣ пас аз муқаддима дар дастгоҳҳои (мақомҳои) «Шӯр» ва «Шуштар» низ амал мекунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баёзи Шашмақом, Д., 2008;
- Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.