Амир Алиакбари Самарқандӣ
Амир Алиакбари Самарқандӣ, мутахаллис ба Устод Қонунии Самарқандӣ (1576, Самарқанд — 1610, ҳамон ҷо) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ | |
---|---|
Маҳалли даргузашт | |
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш гузари Мӯлиёни Самарқанд. Падари Амир Алиакбари Самарқандӣ низ аз аҳли илму адаб буда, наздиконаш ӯро Мир Мусо ном мебурданд ва ҳокими ондавраи шаҳр ба ӯ номи фахрии «Қутбулақтоб»-ро додааст. Амир Алиакбари Самарқандӣ илмҳои замон, махсусан назарияву амалияи илми мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Баъди вафоти падар барои такмили дониш ба Бухоро меравад ва аз Кавкабии Бухороӣ илми мусиқиро меомӯзад. Баъди бозгашт дар Самарқанд мактаби илмии назарияву амалияи мусиқиро таъсис дода, дар он шогирдони бисёреро, аз қабили Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ, Мавлоно Мир Ҳақӣ, Мавлоно Пирмуҳаммади Кулолии Самарқандӣ, Устод Тӯлаки Нойӣ, Устод Абдусаттори Қонунӣ, Устод Арабнавои Қобузӣ, Махдумзодаи Котибии Самарқандӣ ва дигаронро тарбия намудааст. Амир Алиакбари Самарқандӣ дар қонуннавозӣ сабки тозае ҷорӣ намуда, аксарияти навозандагони Самарқанду Бухоро равияи ӯро тақлид кардаанд. Амир Алиакбари Самарқандӣ бо дархости Кавкабии Бухороӣ рисолаеро дар илми мусиқӣ таълиф намудааст, ки, мутаассифона, то мо нарасидааст. Дар қабристони Хоҷа Абдуи Дарун дафн шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Амир Алиакбари Самарқандӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Раҷабов А., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII, Д., 2007;
- Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.