Амир Шоҳии Сабзаворӣ
Амир Шоҳии Сабзаворӣ (Сабзавор, устони Хуросони Разавӣ — 1453[1]) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1453[1] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишОкомалик бинни Чамолиддин Амиршохи ё Шохи аз шоирони ғазалсарои бомахорати тоҷик буда, тақрибан соли 1385 (787 ҳиҷрӣ) дар Фирӯзкӯҳи Сабзавор таваллуд ёфтааст. Падари ӯ аз сулолаи Сарбадорон буд, ки дар чануби Хуросон хукумат меронданд. Вай баъди андухтани дониш ва ҳунар муддате дар Ҳирот зиста, баъдан хокими Астаробод таъйин гардида будааст. Шоҳӣ хаттоту рассом ва мусикидон низ будааст. Шоҳӣ соли 1453 (857 ҳиҷрӣ) дар Астаробод фавтидаас, аммо часади уро ба Сабзавор оварда дафн кардаанд. Аз Шохи то ба замони мо як девон омада расидааст, ки дорои ғазалиёту китъаот ва рубоиёт мебошад.
Намунаи ашъор
вироишАз ғазалиёт
вироиш- Хат бар лолаи тар мушки Чин рехт,
- Бунафша бар канори ёсумин рехт.
- Сабо гарде, ки бурд аз остонат
- Аруси гунчаро дар остин рехт.
- Ба шухи абруят зебокамонест,
- Ки чашмат хуни халқе аз камин рехт.
- Гул аз шухи хамезад бо рухат лоф,
- Чу дид аз шарми руят бар замин рехт.
- Шароби ошики то хурд Шохи,
- Ба химмат чуръа бар чархи барин рехт.
Аз қитъаот
вироиш- Аз ҷамъи мохруен хамсухбат аст моро.
- Асбоби хуррамиро сад гуна соз карда.
- Аз бодаҳои васлаш хар кас гирифта чоме.
- Чун даври мо расида, оҳанги соз карда.
- Лаб бар лабаш чу согар халқе ба кому, Шохи
- Аз дур чун сурохи гардон дароз карда.
Тамсил
вироиш- Шабе бо сурохи хамегуфт шамъ,
- Ки эй хар шабе мачлисорои дӯст,
- Туро бо чунин кадр пеши кадах
- Сучуди дамодам бигу, аз чи руст?
- Сурохи бад-у гуфт: «Нашнудаи?
- Тавозеъ зи гарданфарозон накуст»
Аз рубоиёт
вироиш- Аз лолаву сабза нақшбандони баҳор
- Шангарф барангехта андар зангор.
- Дар оби равон шукуфа андохта акс
- Чун анчуми собиту сипеҳри сайёр.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Record #26536597 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.