Унсури холии Викидода

«Амир Ҳамза» — яке аз машҳуртарин достонҳои омиёнаи адабиёти форс-тоҷик. Бо номҳои «Достони амир Ҳамза», «Румузи Ҳамза», «Қиссаи амир Ҳамза» ва «Ҳамзанома» маъруф аст.

Чун дигар достонҳои насри омиёна дар ибтидо шифоҳӣ шакл гирифта, бо супориши Ҳамза ибни Абдуллоҳи Хориҷӣ ном яке аз соҳибмансабони Эрон дар миёнаҳои садаи 9 китобат шудааст. Баъдтар, дар садаҳои 11 – 12 дар шакли достони мукаммал фароҳам омадааст. Пас аз ин ҳам қиссахонони баъдина шоху баргҳои ҷудогона ба вай афзудаанд ва мундариҷаи он аз ҳисоби ривояту достонҳои хаёлӣ, саргузаштҳои моҷароии айёрон, ҷузъиёти таърихӣ ва ғ. бою рангин гардидааст. Аслан «Амир Ҳамза» аз чаҳор ҷилд ё дафтар иборат буда, ба ҳафтод достони хурд тақсим мешавад.

Хулосаи достонВироиш

Сужети «Амир Ҳамза» басе печдарпеч аст. Воқеаҳои он дар дарбори шоҳ бо номи Қубод ва писараш Нӯшервон (аз сулолаи Сосониён) ба вуқӯъ мепайванданд. Зиддият, бухлу ҳасад байни вазирону фарзандони онҳо, таваллуди Ҳамза дар Макка, ки мувофиқи пешгӯии Бузургмеҳри вазир дуИМАни шоҳ хоҳад буд, ишқи Ҳамза ба духтарони Нӯшервон, пайдоиши дини Ислом ва мусулмон шудани Ҳамза ва дар охир дар муҳорибаҳо қатл шудани ӯ якчанд лаҳзаҳоеанд, ки дар достон хеле муфассал, бо ҷузъиёт тасвир шудаанд. Ғояи асосии достони «Амир Ҳамза» набарди некӣ бо бадист. Ҳадафи дос тонгузорон дарёфти ҳодисаҳои аҷибу ғариб, саргузаштҳои айёрон аст, ки завқи бадеии мардуми омиро қонеъ мегардонданд.

«Амир Ҳамза» дар дигар забонҳоВироиш

«Амир Ҳамза» чун асари мақбули омма ва ҷавобгӯи ниёзҳои зебоишиносии онон дар ҷаҳон, дар байни халқҳои гуногун густариш ёфт. Дар садаи 12 нусхаи гурҷии ин асар бо номи «Амирандареҷаниани» ба миён омадааст. Ба забони арабӣ достони омиёнае бо номи «Сираи Ҳамза» маълум аст. Дар садаи 15 «Амир Ҳамза» дар Индонезия ва Малайзия интишор ёфт. «Амир Ҳамза» дар Ҳинду Покистон пас аз тохту тозҳои Маҳмуди Ғазнавӣ шӯҳрати зиёде пайдо кард. Дар замони шоҳ Акбар «Амир Ҳамза»-ро ба беҳтарин хат навишта ва бо зеботарин нақшҳо оро дода буданд. Соли 1613 Ҳоҷии Ҳамадонӣ «Амир Ҳамза»-ро ба забони урду тарҷума кард. Баъдан ин достон такмил ёфта, ба 46 ҷилди ҳазорсаҳифагӣ расид, ки аз соли 1893 то 1917 нашр шудааст. «Амир Ҳамза» дар миёни мардуми туркизабон низ шӯҳрат дорад. Соли 1968 дар Теҳрон дар 2 ҷилд ба табъ расидааст. Соли 1992 «Қиссаи Амир Ҳамза Разияллоҳу анҳу (Ҳамзанома)» дар Тоҷикистон дар 2 ҷилд нашр шуд.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Салимов Ю., Насри ривоятии форсу тоҷик, Д., 1971;
  • Борщевский Ю. Е., Персидская народная литература. Плутовка из Багдада. М., 1963;
  • Ричард-Винстедт, Путешествивие через полмиллиона страниц, М., 1966;
  • Гвахария А. А., Грузинские версии персидских народных дастанов, дар кит. Теоретические проблемы восточных литератур, М., 1969;
  • Сухачев А. С., От дастана к роману, М., 1971;
  • Мелетинский Е. М., Средневековый роман. М., 1983.

СарчашмаВироиш