Аммиакатҳо, нуриҳои аммиакдор — маҳсули таъсири мутақобили намакҳо бо аммиак. Аммиакатҳое, ки дар асоси карбамид ва селитраи аммиак аз аммиак ҳосил мешаванд, нисбатан маъмуланд. Аммиакатҳо моеи беранг, баъзан зардча буда, бӯи тези аммиакро доранд. Аз 35 то 50 фоизи аммиакатҳо нитроген аст. Аммиакатҳо аз ҷиҳати аҳамият ба дигар нуриҳои сахт ва моеъ наздиканд. Аммиакатҳоро ба сифати нуриҳои нитрогендори моеъ истифода мебаранд.

Сарчашма

вироиш