Амниотомия
Амниотомия (Amniotomia) — чок кардан ё дарондани ҷанинхалта. Бо мақсади ангехтани дард, инчунин ҳангоми ғафс будани пардаи ҷанин, паст ҷой гирифтан ё қисман ҷудо шудани ҳамроҳак, баланд шудани фишори хун дар вақти таваллуд амалӣ гардонда мешавад. Амниотомияро дар шароити тамйизӣ (ниг. Асептика) ба воситаи асбобҳои махсус мегузаронанд. Дар вақти таваллуд амниотомияро метавонад момодоя ба ҷо оварад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.