Амонатбонк
«Амонатбонк» (номи пурра: Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк») — бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон, бонки махсусгардонидашуда барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ. Муассисаш Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» | |
Соли таъсис | 1925, дар Тоҷикистон |
Номҳои пешина |
Хазинаи давлатии амонатгузории меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон Бонки давлатии амонатгузории меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Макон | Тоҷикистон: Душанбе |
Аудитор | Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вебгоҳ | amonatbonk.tj |
Хидматрасонӣ
вироишАмонатбонк баробари фаъолияти анъанавии бонкӣ хидматрасонӣ ба нафақахӯрон, ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба пасандозҳо, қабули пардохтҳои коммуналӣ аз аҳолӣ, пардохти ҷубронпулиҳо, додани қарзҳои имтиёзнок ба оилаҳои камбизоат, муомилоти коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо ва дигар хидматрасониҳои хосро иҷро мекунад.
Амонатбонк дорои шабакаҳои васеи хидматрасонӣ буда, 5 бахши вилоятӣ, 70 шуъбаи шаҳрию ноҳиявӣ, 506 агентӣ дорад. Амонатбонк бо 12 низоми фаврии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ дошта, дар шуъбаҳои он 122 нуқтаи интиқол бо 1061 адад калиди нуқтаи дастёбӣ амал мекунанд.
Сармоя
вироишДар соли 2009 сармояи умумии Амонатбонк 112,2 млн, активҳояш 650,5 млн, даромади софаш 6,2 млн сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба шуъбаҳои Амонатбонк дар маҷмӯъ 222,9 млн доллари ИМА маблағ ворид шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина дастгирӣ кардани лоиҳаҳои калону хурди стратегии Тоҷикистон ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ самти афзалиятноки фаъолияти молиявии Амонатбонк мебошад. Дар давоми солҳои 2008 – 10 ба воситаи муассисаҳои Амонатбонк ба 1043 хоҷагии пахтакории вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои рушди кишоварзӣ 80 млн сомонӣ (аз буҷети ҷумҳуриявӣ) дастрас гардонда шуд. Муассисаҳои Амонатбонк дар соли 2009 ба 11 556 нафар муштарӣ ба маблағи умумии 208,6 млн сомонӣ қарз пешниҳод намуда, ба зиёда аз 535 ҳазор нафақагир хидмат расонданд.
Таърих
вироишДар таърихи 12 ноябри (30 октябр бо солшумории куҳан) соли 1841 бо Фармони Императори Россия Николаи I аввалин Хазинаи амонатӣ дар Россияи подшоҳӣ кушода шуд. Ниммаи дуюми асри XIX Россия Осиёи Миёнаро забт кард ва аморату хонигариҳои Осиё Марказӣ ба тобеъи Россияи подшоҳӣ гаштанд. Бо фарогирии дигар соҳоти ин марзу бум Ҳукумати Россия дар қаламрави Осиёи Миёна намояндагӣ ва бахшҳои ташкилотҳои молиявиашро мекушояд, ки дар баробари дигар бонкҳо хазинаҳои амонатгузорӣ низ буданд.
Моҳи марти 1885 дар уезди Хуҷанд аввалин хазинаи амонатгузорӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин таърихи тавлиди умури амонатгузорӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аст. Хазина, мувофиқи асноди таърихӣ, 208 нафар мизоҷ (7 сокини шаҳр ва 201 сокини деҳот) ва 6500 рубли Русия маблағи умумӣ дошт ва ба мизоҷон ба миқдори аз 25 то 50 рубл қарз медод. Солҳои 90 садаи XIX чунин хазинаҳо дар марказҳои аҳолинишини ӯротеппа, Унҷанд, Калина, Исфанай, Нов, Ғончӣ ва ғ. ба кор сар карданд. Баъди Инқилоби Октябр Декрети Давлати Советӣ «Оид ба милликунонии бонкҳо» (27 окт. 1917) аввалин санаде буд, ки тибқи он хазинаҳои амонатгузорӣ фаъолияти худро дар сохт ва сиёсати нав ба роҳ монданд. 1 дек. 1925 дар назди Комиссариати молияи РАСС Тоҷикистон Хазинаи давлатии амонатгузорӣ таъсис ёфт ва ин таърихи таъсиси Амонатбонк ҳисоб мешавад. Соли 1987 Хазинаи давлатии амонатгузории меҳнаткашон ба Бонки давлатии амонатгузории меҳнаткашон («Сбербанк»-и СССР) ва дар ин замина Хазинаи давлатии амонатгузории меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон табдил шуданд. Соли 1990, баъди пош хӯрдани СССР, ин бонк дар қатори дигар бонкҳо моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Муассиса моҳи январи 1992 номи Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт; 26 ноябри 1998 ба он мақоми давлатӣ дода шуд ва алҳол номи расмиаш Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» мебошад.
Сиёсати моливию иқтисодӣ
вироишАмонатбонк яке аз бонкҳои муқтадиртарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, дар пешбурди сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми калон дорад. Ба соҳибкорони хурду миёнаи бо фаъолияти истеҳсолӣ машғулбуда қарзҳои имтиёзнок дода, ба амалиётҳои маблағгузории тиҷорат, пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
вироишБо ташкилотҳои молиявии бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дорад:
Амонатбонк иштирокчии Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқаи байнибонкии молиявӣ буда, ба шабакаи СВИФТ пайваст гардидааст; узви Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва узви Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
Амонатбонк аз рӯи натиҷаҳои Барномаи «Пешвоҳои садсолаи 21», ки дар беш аз 20 мамлакати минтақаи Авруосиё амалӣ мегардад, сазовори мукофоти байналмилалии «GOLDEN JAGYAR» (Юзи тилоӣ) гардидааст. Инчунин Комитети Ассамблеяи тиҷорати аврупоӣ ба фаъолияти Амонатбонк баҳои баланд дода, онро бо ҷоизаи байналмилалии «European quality» (Сифати аврупоӣ) сарфароз гардондааст.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- amonatbonk.tj — вебгоҳи расмии Амонатбонк
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |