Амонулло Ғоибов
Амонулло Ғоибов (04.01.1953, деҳаи Ключевкаи н. Ариқбалиқи вилояти Кокчетави Қазоқистон), доктори илми тиб (2006).
Амонулло Ғоибов | |
Таърихи таваллуд | 4 январ 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ | Қазоқистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Кӯлоб,Вазорати тандурустии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Зиндагинома
вироишАмонулло Ғоибов cоли 1979 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро ба итмом расонда, интернатураро аз рӯи ихтисоси ҷарроҳии умумӣ гузаштааст. Солҳои 1980-1983 ординатори шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, 1983-1993 корманди масъули муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Кӯлоб, 1993-1999 корманди Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 1999-2005 сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 2005-2009 котиби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва муборизаи алайҳи бемориҳои ВИЧ/СПИД, сил ва табларза дар Тоҷикистон, 2009-2010 муовини сардори хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 2010-2016 директори Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2016 мудири шуъбаи пешгирии маъюбии ҳамин муассиса мебошад. Бобати ҷараёни клиникии оқибатҳои шадиди ҷарроҳии бемориҳои захми меъда ва таъсири омилҳои метеорологӣ ва гелиофизикӣ ба инкишофи онҳо, инчунин ҷанбаҳои иҷтимоӣ-гигиенаи равандҳои тиббӣ-демографӣ ва сиҳатии аҳолии Тоҷикистон таҳқиқот анҷом бахшидааст.
Осор
вироишОсобенности клинического течения острых хирургических осложнений язвенной болезни и влияние метеороло-гических и гелиофизических факторов на их развитие. – Д., 1998; Социально-гигиенические аспекты демографических процессов и здо-ровья населения Республики Таджикистан: Дисс…доктора мед. наук. – М., 2006.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 153.