Амон Азизович Ӯрунов (Тав. 01.01.1940, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе), таърихдон, устод, наворбардори телевизион. «Аълочии Телевизион ва Радиои тоҷик», Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994). Наворбардори дараҷаи олӣ.

Амон Ӯрунов
Амон Ӯрунов
Сурат
Таърихи таваллуд 1 январ 1940(1940-01-01)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Амон Ӯрунов факултаи таърихи ИПД ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст (1973). Ёвари наворбардори Телевизиони тоҷик (1959–1968). Наворбардори КДТР Тоҷикистон (1973–2012). Дар ин муддат ба ҳайси наворбардор-таҳиягари якчанд филмҳои телевизионӣ, телеочерку репортажҳои телевизионӣ, филм-спектаклҳои «Шопен», «Дон Кихот», «Корсар», «Микеланҷелло», «Садо аз тобут», «Окшуда», «Ормони модар», «Адҳам Холиков месарояд», «Мактаби кўҳна», спектакли 3-кисмаи А. Чхеидзе «Бўстонсарой», филм-консертҳои «Бонувони рубобнавоз», «Дугонаҳо», «Ситораҳои Шарк», «Танбўри дилкаш», «Зебо», «Лола», «Чаманоро», ҳамчунин филм-балет бо иштир. Малика Собирова, Фаррух Рўзиматов, консертҳои ҷашнӣ бахшида ба 50-солагии СССР, асосгузори мусиқии тоҷик Борбад, «Шашмаком»-ро аз толори Телевизиони марказии Россия наворбардорӣ кардааст. Аз соли 1993 дар ҳайати гуруҳи иттилоотӣ- таҳлилӣ сарвари давлатро дар сафарҳои хидматиаш ба мамлакатҳои дуру наздики хориҷӣ ҳамроҳӣ намудааст. Шогирдони сершумореро таълим додааст. Аз с. 2013 – бознишаста. Хидматҳояш бо чандин Ифтихорномаҳои Фахрии соҳавии ИҶШС ва Тоҷикистон қадр карда шудааст.[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6