Иморат
Имора́т (аз ар. أمیر — амрдиҳанда, фармондиҳанда, ҳукмраво), Иморат — мулк ё давлат дар мамолики исломии Осиё ва Африка, ичунин мавзеъҳои мусулмоннишини таърихии Аврупо, мас., Иморати Кордова (756—929) ва Иморати Гранада (1228—1492) дар Испания, Иморати Барӣ (847—871) ва Иморати Ситсилия (965—1072) дар Италия, Иморати Тифлис (736—1122), ки амир (ҳокими мутлақи маврусӣ) идора мекард. Сараввал Иморатҳо дар хилофати Араб ба вуҷуд омаданд ва ҳокимонашонро халифа таъйин мекард. Бино ба таълимоти динӣ, ҳокимияти динӣ — Имомат ва ҳокимияти сиёсӣ — Иморат ягона буда, ҷудоӣ надоранд. Яъне халифаҳо — «амир-ал-мӯъминин» (ниг. Амиралмӯъминин) ҳокими ҳамаи мусулмонон мебошанд; 2)Иморат — воҳиди тақсимоти маъмурӣ (вилоят) дар сохтори давлатҳои исломӣ (мас., Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ).
Иморатҳои таърихӣВироиш
(нопурра)
Нигаред низВироиш
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Аморат // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.