Иморати Диръия
Аморати Диръия (ар. إمارة الدرعية) — аввалин давлати Саудӣ, ки соли 1744 аз ҷониби Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва Муҳаммад ибни Сауд таъсис ёфтааст.
Иморати Диръия | |||||||
| |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||
Пойтахт | Diriyah[d] | ||||||
Забон(ҳо) | арабӣ | ||||||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳӣ | ||||||
Таърих
вироишДар нимаи аввали асри 18 воизи мусулмон Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар қаламрави нимҷазираи Араб амал мекард. Бо дастгирии амири Айяно Усмон ибни Ҳаммад ӯ ва тарафдоронаш ба нобуд кардани ҷойҳои гуногуни "муқаддас" шурӯъ карданд. Ин ба он оварда расонд, ки мақомот Ибни Абдулваҳҳобро аз Айяно ихроҷ карданд ва соли 1744 ӯ дар Ад-Диръия маскан гирифт. Бо амири маҳаллӣ Муҳаммад ибни ал-Сауд робитаи наздик барқарор карда, ӯ ва пайравонаш ба воҳаҳои наздик сафар карданро сар карданд. Мавъизаҳои Ибни Абдулваҳҳоб ҳамчун асоси идеологии ҳаракати арабҳо бар зидди ҳукмронии Имперотурии Усмонӣ буданд[1].
Соли 1765 Муҳаммад ибни Сауд вафот кард ва ба ҷои ӯ Абдулазиз таъйин шуд. Абдулазиз на танҳо вориси тахт, балки имоми ваҳҳобиёни мусалмон буда, тавонист Аморати Диръияро ба як давлати қавӣ табдил диҳад. Дар соли 1773 Риёзро забт карда, саудиён тамоми маркази Наҷдро мутеъ карданд [1].
То замони даргузашти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар соли 1792, Аморати Диръия нуфузи худро ба Арабистони Шарқӣ паҳн кард. Дар қаламравҳои ишғолшуда ваҳҳобиён зиёратгоҳҳои мухталиферо, ки аҳолӣ, аз ҷумла шиъаҳо эҳтиром мекарданд, шикастанд. Ин давра инчунин муқовимати дириъён ва шарифони Макка дар Арабистони Ғарбиро дар бар мегирад
Ҳукуматдорони Имперотурии Усмонӣ аз рушди муваффақияти саудиён тарсида, алайҳи онҳо нерӯҳои низомӣ фиристоданд. Аммо, нерӯҳои нокоми Усмонӣ маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. Бо истифода аз он, ки Имперотурии Усмонӣ суст гардид, ва он метавонад вазъиятро дар вилоятҳои худ назорат натавонад кунал, диръиҳо забти Ироқ карданд, ва дар с. 1802 муқаддасоти шиъаҳоро дар Карбала шикастанд. Соли дигар саудиҳо Маккаро гирифтанд, аммо натавонистанд Ҷидда ва Мадинаро бигиранд. Дар ҳамон сол амири даръӣ Абдулазиз дар натиҷаи як тавтеа фавтид ва ба ҷои ӯ писараш Сауд омад, ки соли 1805 Мадина ва қариб тамоми Ҳиҷозро забт намуд [1].
Аз соли 1805 то 1810, саудиҳо ҳамла ба Ироқ ва Сурияро идома доданд. Аммо то соли 1811 ба онҳо Муҳаммад Алӣ, вассали мисри Султони Усмонӣ Маҳмуди II мухолифат мекард. Артиши Муҳаммад Алӣ бо сарварии Тусун соли 1813 Ҳиҷозро аз диръиҳо баргардонд. Шӯрише, ки дар Уммон оғоз шуд, ваҳҳобиёнро маҷбур сохт, ки аз ин минтақа ақиб раванд [1].
Сауд дар соли 1814 вафот кард. Ба ҷои ӯ писараш Абдуллоҳ ибни Сауд омад. Дар ин лаҳза, саудиҳо назорати Ҳиҷоз, Уммон, Баҳрайн ва қисматҳои Тихамаро аз даст доданд. Дар соли 1817 яке аз паси дигаре шикаст хӯрда, саудиҳо назорати марказии Наҷдро аз даст доданд ва соли дигар, охирин қалъаи саудиён, шаҳри Ад-Диръия, фурӯ рехт. Бисёре аз саудиён кушта шуданд ва Ад-Диръия ба хок яксон карда шуд. Амир Абдуллоҳ ибни Сауд ба Истанбул фиристода шуд ва дар он ҷо сари ӯро буриданд.
Бо вуҷуди ин, аллакай дар соли 1821, як хеши амири қатлшудаи Туркӣ ибни Абдуллоҳ бар зидди усмонӣ исён бардошта, шаҳри Риёзро пойтахти нав интихоб кард. Соли 1824 Давлати дуюми Саудӣ таъсис дода шуд [1].
Манбаъ
вироиш- Али-заде А. А. Ваххабиты // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — С. 190. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)